Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд

Март 24, 2023 16:41

ДУШАНБЕ, 24.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои ҷашнии наврӯзӣ ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияи табрикӣ ворид гардид:

«Муҳтарам Президент, Бародари азизам,

Муждаи баҳор — иди Наврӯз анъанаю бойигарии муштараки ҷуғрофияи васеъ, аз Осиёи Марказӣ то Балканҳо мебошад. Бо мақсади нигохдорӣ ва ба наслҳои оянда расонидани ин урфу одати муштаракамон, ҳамасола дар чор гӯшаи ҷаҳон ҷашн гирифта шудани Наврӯз инъикосгари муҳими дӯстиву бародариамон гардидааст.

Наврӯз, ки ифодаи бедоршавию зиндашавӣ табиат мебошад, натанҳо достони омадани баҳор, балки ҳамчунин эҳёву иқдомоти навин аст.

Ҳамдилию ҳамрайъии Шумо бо Туркия, ки дар робита бо заминларзаи 6 феврали 2023 зоҳир намудед, дар баробари боз ҳам наздиктар гардонидани кишварҳои мо, ҳамзамон як имкони дигареро барои мушоҳидаи ҳамеша зинда будани руҳияи Наврӯзро дар байни мардумонамон фароҳам овард.

Бо василаи иди Наврӯз, ки яке аз зеботарин нишонаҳои вахдату ҳамбастагии тамаддунҳои чанд ҳазорсолаи мост, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва ба мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон тансиҳатӣ, хушрӯзӣ ва саодатмандиро таманно менамоям».

Март 24, 2023 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024 ОИД БА ФУТЗАЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии он мешавад
АҲСАНТ! Донишҷӯи Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе Мария Чебоненко сазовори медали тиллои озмуни байналмилалӣ гардид
«КӮДАКОН-ДУНЁИ МОЯНД!». 1 июн дар шаҳри Душанбе барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор гардид
ҒАСБИ ХУДСАРОНАИ ЗАМИН ҶАВОБГАРИИ ҶИНОӢ ДАР ПАЙ ДОРАД. Иттилоияи Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар ин маврид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаи истеҳсоли тамоку бунёд мегардад
Дар Душанбе Озмуни 10-уми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» ифтитоҳ ёфт
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад
КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Тибқи он даври сеюми қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ оғоз гардид
Роҳсозон мавзеъҳои мушкилтарини роҳи Қалъаихумб — Ванҷ — даромадгоҳи ноҳияи Рӯшонро ҳамвор намуда, ба ҳудуди қитъаҳои 4-5-и лоиҳа дохил шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Ҳонконг ду бозии дӯстона мегузаронад
ҲУШДОРИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ: «Аз қаллобоне, ки аз номи ширкати «Газпром»-и Федератсияи Русия баромад мекунанд, эҳтиёт бошед»!