РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД. Беш аз 2000 хатмкунандаи муассисаҳои пойтахт аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дидан намуд

Март 15, 2023 13:10

ДУШАНБЕ, 15.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 2000 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳои ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.

Хатмкунандагон дар қисмати аввал аз дастовардҳои назарраси 14 факултете, ки дар саҳни бинои асосӣ ба  намоиш гузошта шуда буд, дидан намуда, бо дастовардҳо шинос гардида, инчунин роҷеъ ба  шароиту имконоти таҳсил дар донишгоҳ маълумоти зурурӣ гирифтанд.

Баъд аз қисмати муаррифии дастовардҳо хатмкунандагон, ки довталабони асосӣ ба курсии донишҷӯӣ маҳсуб мешаванд, аз биноҳо ва синфхонаҳои факултетҳо, ихтисосҳои амалкунанда, синфхонаҳои лексионӣ, синфхонаҳои лингофонӣ, компютерӣ, толори варзишии замонавӣ, маркази таълимии забономӯзӣ, китобхонаи анъанавӣ-электронӣ, озмоишгоҳҳои биологиву химиявӣ дидан намуданд.

Ҳамзамон ба довталабон иттилоъ дода шуд, ки мутахассисон ва хатмкардагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар вазифаҳои мухталифи давлатӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, бонкдорӣ, муҳандисӣ, ҳуқуқшиносӣ, тиббӣ, Кумитаи телевизион ва радиои нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона хидмат намуда истодаанд.

Рӯзи дарҳои кушод имконият фароҳам овард, то хатмкунандагони мактабҳои миёна бо усули таълим ва шароиту имконияти таҳсил дар ин махзани илм аз наздик шинос шаванд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 январи соли равон баргузор гардид, ниҳодҳои дахлдори мамлакатро вазифадор намуданд, ки барои ҷалби довталабон ба зинаҳои омӯзгорӣ кор баранд.

Сарвари давлат ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор вобаста ба масъалаҳои дар сатҳи мутобиқ ба талаботи муосир тайёр намудани омӯзгорон ва ба ин восита пурра бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор тавассути пешниҳоди имтиёзҳо чораҷӯӣ намоянд. «Ҳамзамон бо ин, бо назардошти вазъи қабули довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Маркази миллии тестӣ ва дигар сохтору мақомоти марбута вазифадор шуданд, ки корро вобаста ба тарғибу ташвиқи ихтисосҳои ин зинаҳои таҳсилоти касбӣ ва бо ин роҳ ҷалб кардани довталабон ба самтҳои омӯзгорӣ ва техникӣ ҷоннок намоянд», -иброз доштанд Пешвои миллат.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Март 15, 2023 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?