«РУШДИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ — ОМИЛИ МУҲИМИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ». Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллӣ доир мешавад

Март 16, 2023 15:38

ДУШАНБЕ, 16.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. 18 март дар Муассисаи давлатии боғи  Шаршараи «Наврӯзгоҳи  пойтахт» бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Рушди бозиҳои миллии варзишӣ — омили муҳими шинохти миллат» Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар фестивали мазкур зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллии варзишӣ ба намоиш гузошта мешавад. Аз ҷумла, бозиҳои камонварӣ, тезхурак, чормағзбозӣ, гӯштини миллӣ, гӯштингирӣ, тухмҷангак, шамшербозӣ,  астарбозӣ, лаклакбозӣ, фалахмон, хурӯсҷанг, кабкҷанг, пиёдакашак, чавгонбозӣ, миру вазир ва буҷулбозӣ намоиш дода мешаванд.

Дар фестивал донишҷӯёну хонандагони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Сирки давлатии Тоҷикистон ва мураббиёну машқварзони муассисаҳои тайёрии варзишии ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ иштирок менамоянд.

Ҳадаф аз баргузории Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ- эҳё намудани бозиҳои миллӣ ва ба ин восита муаррифӣ намудани фарҳанг, тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 16, 2023 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд