«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Ашт ин фестивал-озмуни ноҳиявӣ ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 29.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар саҳни Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Фестивал-озмуни ноҳиявии «Сайри гули лола» таҷлил ва ҷамъбаст карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия хабар медиҳад.
Дар фестивал нахуст маҳсули дасти ҳунармандони ноҳия ва рассомон ба маъраз гузошта шуд. Ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои ғолиб омадан дар фестивал-озмуни мазкур иштироки фаъолона намуданд.
Иброз гардид, ки мояи ифтихор ва хурсандӣ аст, ки имрӯз дар идомаи чорабиниҳои наврӯзӣ даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола», ки рамзи зебоипарастӣ ва фарҳангсолории мардуми тоҷик аст, аз соли 2019 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадафи озмуни мазкур вусъат додани корҳои созандагӣ, ободонию сабзазоркунӣ дар маҳал ва ташвиқу тарғиби фарҳанги шаҳрдорӣ мебошад.
Баъдан, ба якчанд иштирокчии фаъол дар вазъияти тантанавӣ Диплом ва сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт








«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд






