«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар шаҳри Душанбе Фестивали гулҳо баргузор мегардад

Март 10, 2023 17:11

ДУШАНБЕ, 10.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳафтаи сеюми моҳи март то ҳафтаи дуюми моҳи апрели соли 2023 дар пойтахт таҳти унвони «Сайри гули лола» Фестивали гулҳо баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Аз ҷониби Комиссияи шаҳрӣ ғолибони фестивали шаҳрӣ барои ҷойи якум бо «Дипломи дараҷаи 1» ва мукофот ба маблағи 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ, барои ҷойи дуюм бо «Дипломи дараҷаи 2» ва мукофот ба маблағи 7 000 (ҳафт ҳазор) сомонӣ ва барои ҷойи сеюм бо «Дипломи дараҷаи 3» ва мукофот ба маблағи 5 000 (панҷ ҳазор) сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Фестивали мазкур бо мақсади таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ доир карда шуда, зимни он беҳтарин композитсия,  дизайни ҷолиби  гулзор ва сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ муайян ва қадрдонӣ мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 10, 2023 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад