Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ бо ҳолати пойгоҳҳои обкашӣ ва ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид

Март 11, 2023 09:44

ДУШАНБЕ, 11.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ бо ҳолати пойгоҳҳои обкашӣ, ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва бунёди иншооти нав бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб ба Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза намудани селпартовҳо дар сойи Даҳана ва Зиракӣ иҷро гардида, дар минтақаҳои хавфнок тоза кардани маҷрои дарё, селпартоҳо ва хобонидани тахтасангҳои оҳану бетонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Таъкид гардид, ки дар сойи Тебалай аз ҷониби Маркази татбиқи Лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ бо дарозии 1220 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом дода шудаанд.

Дар заминаи дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас шудани масолеҳи сохтмонӣ ба анҷоми корҳои тибқи нақша пешбинишуда мусоидат намуд.

Тазаккур дода шуд, ки ҳоло ҳам мавзеъҳое ҳастанд, ки гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар онҳо  зарур мебошад. Бо назардошти ин аз ҷониби Ҳукумати мамлакат масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шуда, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тибқи нақша пеш бурда мешаванд.

Сарвазири мамлакат бо ёдоварӣ аз боронҳои фасли баҳор аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб ва сохторҳои марбута иҷрои босифату саривақтии супоришҳои Сарвари давлатро дар ин самт талаб намуд.

Дар ноҳияи Восеъ Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Ёхсу шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар худуди деҳоти Худоёр Раҷабов ба масофаи 750 метр ба анҷом расонида шудаанд. Дар ин ҷо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо дарозии 250 метр ҷараён доранд. Аз ҳудуди ноҳияи Восеъ ду дарё — Ёхсу ва Сурхоб мегузарад.

Сарвазири мамлакат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва сохторҳои марбути соҳаро барои беҳтар намудани фаъолият дар ин самт дар моҳҳои апрел ва май вазифадор намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 11, 2023 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад