СУРАТ-ДАЛЕЛ. Дар Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 14.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бино аз чор ошёна иборат буда, барои 1280 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст. Иншооти мазкур дорои 47 синфхонаи замонавӣ, 10 синфхона барои омӯзиши фаннҳои риёзӣ, синфхонаи алоҳидаи муҷаҳҳаз барои дарси омодагии дифои ҳарбӣ, 3 синфхонаи омӯзиши касбу ҳунар, ҳуҷраи тиббӣ, ошхона бо 216 ҷой буда, толори маҷлисии он барои 330 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.
Бинои мазкур бо пайгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдухалил Ғуломов бунёд гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»