АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ

Октябрь 2, 2026 09:48

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон сол ба сол афзоиш ёфта, ба рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми назаррас мегузорад.  Тибқи омори расмӣ, аз соли 1996 то 2025 шумораи сайёҳон аз 700 нафар то 1 миллиону 784 ҳазору 400  нафар афзоиш ёфт ва ҳаҷми умумии хароҷоти сайёҳони вурудӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз 892 миллион доллар гузашт. Соли 2025 саҳми умумии рушди сайёҳӣ хориҷӣ ба ММД-и мамлакат 5,6 %-ро ташкил дод, ки ин аз самаранокии баланди соҳа дарак медиҳад.  Бо чунин матлаб оғоз гардидааст мақолаи ходими пешбари илмии  Институти иқтисодиёт ва демографияи  Академияи миллии  илмҳои  Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҷаъфар ШОДИЕВ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардидааст. Дар зер матни пурраи мақола  пешниҳод мегардад: 

— Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти муҳими рушди сайёҳӣ таъкид гардида, чунин пешниҳод шудааст: «…эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба дарки аҳамияти ин соҳа дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшид ва шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 аз Тоҷикистон боздид намуданд, нисбат ба соли 2017  2,5 баробар зиёд гардид. Бо мақсади суръат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои номбаршуда ва бо назардошти зарурати рушди инфрасохтори деҳот 26 декабри соли 2019 пешниҳод гардид, ки ташаббуси мазкур идома дода шуда, солҳои 2019–2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шаванд».

Инчунин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 чунин таъкид гардид: “…дар солҳои 2018–2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ карда шуд. Ғайр аз ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шуданд. Дар ин давра 1450 иншооти сайёҳӣ таъсис дода шуд..».

Маълумоти оморӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар ҷумҳурӣ соли 2025 зиёда аз 367 корхонаи соҳаи сайёҳӣ фаъолият намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024   20 адад зиёд мебошад. Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 191 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст.

Барои ташаккул додани соҳаи сайёҳӣ зарур аст, ки бо назардошти хусусияти ҷуғрофӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ ва ҳамчунин менталитети мардуми тоҷик маҷмуи чорабиниҳое амалӣ карда шаванд, ки ба ташкили соҳаи сердаромади сайёҳӣ равона гардидаанд. Ҳар қадам дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ бояд аз ҷиҳати илмӣ таҳия ва аз ҷиҳати назариявӣ асоснок карда шавад.

Мо чунин мешуморем, ки пеш аз ҳама, зарур аст, ки асосноккунии илмии ташаккул ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ таҳия карда шавад. Аз ҷумла, захираҳои сайёҳии минтақаҳои ҷумҳурӣ муайян ва шиносномадор карда шуда, инчунин ҳаҷми қобили қабули сарбории рекреатсионӣ ба онҳо муайян карда шавад. Ҳамзамон чорабиниҳо оид ба маркетинги хизматрасониҳои сайёҳӣ, курортӣ, меҳмонхонагӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ таҳия карда шаванд.

Пешниҳод менамоем, ки низоми ягонаи давлатии стандартизатсия ва сертификатсияи молу хизматрасониҳои сайёҳӣ таъсис дода шавад. Ҳамчунин зарур аст, ки стандарти ягонаи таснифотии талабот ва тарифҳо барои соҳаи сайёҳӣ таҳия карда шавад.

Дар ҷумҳурӣ зарурати рушди сайёҳӣ ҳам аз нуқтаи назари иҷтимоӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ тақозо менамояд, ки фаъолияти ин соҳа дар шакли соҳавӣ ташкил ва идора карда шавад.

Афзоиши шумораи сайёҳонӣ вурудӣ ба маънои зиёд шудани ҷойи кор дар соҳаи сайёҳӣ ва соҳаҳои бо он алоқаманд мебошад, ки дар навбати худ барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум замина фароҳам меорад.

Барои ба таври назаррас афзоиш додани ҷараёни сайёҳонӣ вурудӣ ба Тоҷикистон «ҷаҳиши стратегӣ» зарур аст:

  1. Ин метавонад бо ташаккули бренди миллии сайёҳӣ алоқаманд бошад. Барои Тоҷикистон бренди ғайриодӣ метавонад телескопи расадхонаҳои баландкӯҳ ва рушди сайёҳии астрономӣ ҳамчун самти асосии алтернативӣ гардад.

Барои рушди сайёҳии астрономӣ баргузории Конгресси умумиҷаҳонии астрономӣ метавонад нақши муҳим дошта бошад, агар ташаббуси ташкили онро Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби ЮНЕСКО ва ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаҳои фарҳанг, тиҷорат, сайёҳӣ ва варзиш ба зимма гиранд. Баргузории чунин конгресс метавонад оғози таъсиси Фонди байналмилалии рушди сайёҳии астрономӣ  гардад.

  1. То имрӯз ҳаҷми хеле зиёди иттилооти илмӣ оид ба натиҷаҳои таҳқиқоти Роҳи бузурги Абрешим ҷамъоварӣ гардидааст. Ҳамзамон хусусияти сайёҳии ин роҳ дар амал татбиқ шуда, ширкатҳои сайёҳӣ имрӯзҳо намудҳои гуногуни саёҳатро аз рӯйи хатсайрҳои сершумори он пешниҳод менамоянд. Фарзияе вуҷуд дорад, ки таърихи ин роҳ ба умқи даврони қадим, яъне ба ҳазораи III–II то милод мерасад. То пайдо шудани Роҳи абрешим роҳҳои дигаре вуҷуд доштанд, ки бевосита бо Тоҷикистон алоқаманд буданд. Яке аз онҳо Роҳи Лоҷувард буд, ки бо истихроҷи санги лоҷувард дар кӯҳҳои Бадахшон ва интиқоли он ба дарборҳои шоҳони минтақаи байни дарёҳои Даҷла ва Фурот, Миср ва Ҳиндустон дар ҳазораҳои III–II то милод алоқаманд буд. Дар ҳазорсолаи I то милод Роҳи Лоҷувард инчунин ба самти Шарқ — ба Чин равона гардид.

Барои эҳёи Роҳи Лоҷувард заминаҳои кофӣ мавҷуданд ва ин роҳ метавонад ба яке аз самтҳои алтернативии рушди сайёҳӣ табдил ёбад. Ин роҳ Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустонро бо ҳам мепайвандад. Ин хатсайрро метавон дар доираи фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ташкил намуд, бо назардошти он ки Ҳиндустон ва Покистон аъзои ин созмон мебошанд. Хатсайри байналмилалии сайёҳӣ аз Тоҷикистон то Ҳиндустон бо масофаи 129 км (аз ҳудуди Афғонистон — 35 км ва Покистон — 65 км) таҳти унвони ТАПҲ (Роҳи қадимаи Лоҷувард) метавонад ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди сайёҳии байналмилалӣ истифода шавад.

  1. Яке аз самтҳои муҳими рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ сайёҳии байналмилалии шикорӣ ба ҳисоб меравад. Танзимгарони сайёҳӣ барои шикори бузи пармашох ва гӯсфанди кӯҳии Марко Поло бастаҳои махсуси сайёҳӣ пешниҳод мекунанд. Инчунин дар заминаи мамнуъгоҳҳои ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Дарвоз ва Мурғоб дар доираи фаъолияти хоҷагиҳои шикорӣ имконоти рушди сайёҳии кӯҳӣ дар якҷоягӣ бо шикор мавҷуданд.
  2. Пиряхҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) аз ҷиҳати илмӣ ва сайёҳӣ низ таваҷҷуҳи зиёд доранд. Бадахшон яке аз минтақаҳои бузурги ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки бо пиряхҳои азим ва маркази муҳими пиряхшиносии муосири кӯҳӣ фарқ мекунад. Пиряхҳо ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи манзараҳои кӯҳӣ таваҷҷуҳи сайёҳон ва варзишгарони намудҳои кӯҳӣ ва обии варзишро низ ҷалб менамоянд.

Таъмини шароити мусоид ва сохтмони роҳҳои симдор (канатӣ) дар минтақаҳои пиряхии Бадахшон метавонад барои интиқоли сайёҳон ба ҳавзаҳои пиряхҳо мусоидат намояд. Дар ин мавзеъҳо сайёҳон метавонанд аз манзараҳои ғайриодӣ ва нотакрори баландкӯҳҳои пиряхии Бадахшон баҳра баранд.

Истифодаи оқилонаи захираҳои рекреатсионӣ ҳамзамон масъалаи таъсиси «Боғи пиряхӣ»-ро дар ин вилоят миён мегузорад. Он аз мамнуъгоҳҳо бо он фарқ хоҳад кард, ки вазифааш танҳо ҳифзи олами ҳайвонот ва наботот набуда, балки шинос намудани одамон бо муҳити табиӣ, тарбия намудани муҳаббат ба табиат, омӯзонидани қонунҳои табиат ва хусусияти рушди он мебошад. Таҷрибаи таъсиси боғҳои пиряхӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Канада ҳанӯз аз охири асри XIX мавҷуд аст.

  1. Марвориди иқтидори захираҳои сайёҳии кишварро метавон бо итминони комил ноҳияи Сангвор (Тавилдара) номид. Он аз рӯйи масоҳат яке аз калонтарин ноҳияҳо дар байни ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар водии Обихингов мақбараи Ҳазрати Бурхи Валӣ ҷойгир мебошад. Давоми садсолаҳо ба Ҳазрати Бурхи Валӣ корвонҳои зиёди зиёраткунандагон аз гӯшаҳои гуногуни Аморати Бухоро, инчунин аз Афғонистон ва Ҳиндустон меомаданд. Имрӯзҳо ҳазорон зиёраткунандагон аз Узбекистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо ба ин мавзеъ меоянд.

Ҷойи дигари зебои ин ноҳия “Ҳавзи кабуд” ном дорад, ки дар он ҷо таъсиси пойгоҳи сайёҳӣ барои 100 нафар имконпазир ва зарур мебошад.  Бо назардошти гуногунии минтақаҳои табиии ин ноҳия эълон намудани он ҳамчун минтақаи байналмилалии сайёҳӣ мувофиқи мақсад мебошад.

  1. Яке аз самтҳои афзалиятнок ва хеле босуръати рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон метавонад «сайёҳии сабз» бошад. «Сайёҳии сабз» шакли фаъол ва бевоситаи боздид аз ҳудудҳое мебошад, ки дорои шароити хоси табиӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Ин намуди сайёҳӣ ба ҳифзи муҳити табиӣ ва фарҳангии минтақаҳои мавриди боздиди сайёҳон равона карда шудааст. Ҷанбаҳои ҷолиби сайёҳии сабз аз арзиши муҳити табиӣ, мавҷудияти объектҳои этнографӣ ва машғулияти фаъоли сайёҳӣ бе расонидани зарар ба муҳити зист иборат мебошанд. Дар аксари ҳолатҳо муҳити орому осуда ба сайёҳ таъсири мусбат мерасонад.
  2. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) зиёда аз 600 кӯл ва беш аз 20 дарё мавҷуд аст. Яке аз захираҳои муҳими рекреатсионӣ чашмаҳои минералӣ (хунук ва гарм) мебошанд. Тақрибан аз 80 чашмаи минералӣ дар айни замон танҳо 4 чашма, аз ҷумла Гармчашма, Авуч, Андароб ва Ҷелондеҳ фаъолият менамоянд. Дар заминаи чашмаҳои боқимонда метавон муассисаҳои табобати обӣ, шуъбаҳои физиотерапевтӣ ва хонаҳои истироҳатӣ бунёд намуд. Истифодаи чашмаҳои гарм ва термалӣ барои рушди минтақа, бешубҳа метавонад шумораи зиёди сайёҳонро ҷалб намояд.

Ин ҳама имкон медиҳад ба чунин хулоса бирасем, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳӣ дорои иқтидори бузурги рушди сайёҳӣ мебошад. Рушди ин соҳа метавонад ба яке аз самтҳои пешбарандаи рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони ҷумҳурӣ дар асри XXI табдил ёбад.

  АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 2, 2026 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Беморони гирифтори диабети қанд дар як шабонарӯз бояд 5-6 маротиба хӯрок истеъмол намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?