РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиронсолон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Дар Тоҷикистон ҳуқуқи аҳолии калонсол тибқи моддаи 39-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда мешавад. Дар он омадааст, ки «ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад».
Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 1990 қатъномае қабул намуд, ки тибқи он 1 октябр Рӯзи байналмилалии пиронсолон эълон карда шуд. Ин сана бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти пиронсолон, эҳтиёҷоти фардӣ ва иҷтимоии онҳо, саҳми онҳо дар рушди ҷомеа, зарурати тағйир додани муносибат ба одамони калонсол ва нигоҳ доштани эҳтироми пиронсолон эълон гардидааст.
Пиронсолон хазинаи бебаҳои инсоният, хираду дониш, таҷрибаю маърифат ва дифоъгари анъанаҳои аҷдодӣ мебошанд. Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, давоми даҳсолаҳои охир таркиби аҳолии ҷаҳон ба таври назаррас тағйир ёфтааст. Аз соли 1950 то соли 2010 давомнокии умр дар сатҳи ҷаҳонӣ аз 46 то 68 сол афзуда, пешбинӣ шудааст, ки дар охири аср ба 81 сол мерасад. Ҳоло дар ҷаҳон беш аз 900 миллион одамони аз 60-сола боло ҳастанд. То соли 2050 шумораи ин гуна одамон ба ду миллиард нафар мерасад, ки ин беш аз 20 фоизи аҳолии сайёраро ташкил медиҳад. Гузашта аз ин, тибқи пешгӯиҳои коршиносон, то соли 2050 бори аввал дар таърихи инсоният дар ҷаҳон шумораи одамони аз 60-сола боло аз шумораи кӯдакон зиёдтар хоҳад шуд.
Агар соли 1991 шумораи нафақагирон дар Тоҷикистон беш аз 572 ҳазор нафарро ташкил медод, то 1 августи соли 2026 шумораи нафақагирон ба 886 ҳазору 164 нафар расид, яъне 53 фоиз зиёд шудааст. Омили зиёдшавии шумораи нафақагирон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат афзоиши босуръати аҳолӣ ва дарозумрии инсонҳо мебошад.
16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» чунин иброз намуданд: «Аҳолии мамлакат аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид».
Нишонаи дарозумрӣ дар мамлакат болоравии сатҳи зиндагии мардум мебошад. Инчунин омили дигари дарозумрӣ рушди иқтисодӣ, кам кардани фавти кӯдакон, кам шудани фавт байни аҳолии қобили меҳнат, инчунин кам кардани истеъмоли машруботу тамоку мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо назардошти хусусияти давомнокии умр, вазъи саломатӣ ва низоми нафақа шахсони пиронсолро аз рӯйи синн шартан метавон ба гурӯҳҳои зерин тақсим намуд:
— шахсони аз 63-сола то 75-сола (пиронсолон), ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаъол мебошанд ва метавонанд фаъолияти меҳнатиро баъди ба нафақа баромадан идома диҳанд;
— шахсони аз 75-сола то 85-сола (солхӯрдагон), ки нисбатан камҳаракат мебошанд ва аксарияти онҳо ба ёрии тиббӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ ниёз доранд;
— шахсони аз 85-сола боло (дарозумрон), ки дорои мушкилоти сершумори саломатӣ ҳастанд ва аксари вақт ба нигоҳубин ва кумаки доимӣ эҳтиёҷ доранд.
Таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ, бахусус пиронсолон яке аз афзалияти сиёсати иҷтимоии мамлакат маҳсуб шуда, аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Барои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии пиронсолон дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016 тасдиқ гардидааст, якчанд чорабиниҳои мушаххас, аз қабили баланд бардоштани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, пешниҳоди хизматрасонии тиббӣ ва дигар хизматрасонии махсусгардонида ва ташкили механизмҳои мусоидат ба шуғли ин гурӯҳи шаҳрвандон пешбинӣ шудаанд.
Дар айни замон дар мамлакат беш аз 90 муассисаи иҷтимоие мавҷуд аст, ки бевосита бо масъалаҳои пиронсолон ва маъюбон сару кор доранд. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон марказҳои минтақавиии хизматрасонии иҷтимоӣ, шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбони бекасу танҳо фаъолият мекунанд. Инчунин дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшу шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият доранд, ки вазифаи асосии онҳо ҳифзи иҷтимоии ин қишри аҳолӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба пиронсолон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон дар ин маврид таъкид намудаанд, ки «пирони рӯзгордида ва дар обу оташи зиндагӣ обутобёфта давлати сари мо мебошанд. Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар ҳаққи онҳо, то тавонем, ғамхорӣ намоем».
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд






