ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 март, чоршанбе, 74-умин рӯзи соли 2023 аст

Март 15, 2023 08:00

15 марти соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат сафар карда, ба сохтмони нақби мошингарди «Чормағзак» оғози расмӣ бахшиданд.

***

15 марти соли 2007 дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни сафари дурӯзаи Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон 11 созишномаи байнидавлатӣ ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» қабул гардид.

15 МАРТ:

Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи истеъмолкунандагон.

***

Дар Беларус – Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО: 

15 марти соли 2022  ба шарафи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷилди 20-уми силсиламаҷмуаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Независимость Таджикистана и возрождение нации» бо сифати баланд  ба нашр расид.

***

 15 марти соли 2016 дар  маркази ноҳияи Рӯдакӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба фаъолияти Маркази саломатии ноҳия оғози расмӣ бахшиданд.

***

15 марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе масоили гуногуни ҳамкории ШМА ва Тоҷикистон дар самти ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуд.

***

Ҳамин рўзи соли 1925 аввалин шумораи рӯзномаи «Иди тоҷик» (ҳоло «Ҷумҳурият») нашр шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Урун Кӯҳзод— соли 1937 –Нависандаи халқии Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон,  барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.

 ***

Талбак Назаров-  соли 1938 – доктори илми иқтисод, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино.

Март 15, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, сешанбе, 287-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 октябр, душанбе, 286-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, якшанбе, 285-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 октябр, шанбе, 284-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, ҷумъа, 283-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, панҷшанбе, 282-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, чоршанбе, 281-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, сешанбе, 280-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, душанбе, 279-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, якшанбе, 278-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, шанбе, 277-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, ҷумъа, 276-умин рӯзи соли 2025 аст