ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 март, ҷумъа, 90-умин рӯзи соли 2023 аст

Март 31, 2023 08:00

31 марти соли 2019 дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави Қасри фарҳанг, Мактаби мусиқӣ, Маҳфили ҳунармандӣ барои ҷавонон ва бинои Деҳоти ба номи “Ҳайдар Усмонов”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

***

6 сол муқаддам, 31 марти соли 2017  аз байни  якчанд намуди рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомони ҷавон беҳтарин рамзи «Соли ҷавонон»- тасдиқ гардид, ки  намуди доирашакл дошта, дар атрофаш ҳалқаи сабз тасвир ёфтааст. Дар ҳалқа матни «СОЛИ ҶАВОНОН» ва «2017» ҷойгир шудааст. Дар мобайни рамз курраи Замин, дар рӯи он харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами миллӣ ва тоҷ ҷойгир буда, аз ягонагӣ ва соҳибистиқлолии давлат далолат медиҳад. 

31 МАРТ:

 Дар Малта – Рӯзи озодӣ.

РӮЙДОДҲО:

 31 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои 4-уми директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон баргузор гардид,

***

31 марти соли 1975 Корхонаи алюминии тоҷик (ТадАЗ) – калонтарин корхонаи истеҳсолии металлҳои ранга дар Осиёи Марказӣ сохта шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 «Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» қабул карда шуд.

 ***

31 марти соли гузашта дар шаҳри Душанбе вохӯрии минтақавии роҳбарони мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид.

 ***

Соли 2009 дар шаҳри Хуҷанд аввалин Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба самбо баргузор гардид. Дар он самбочиёни тоҷик аз 9 медали тилло 6-тояшро соҳиб гардида, беҳтарин ҳисобида  шуданд.

Март 31, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш