Тоҷикистон ва Қатар тасмим гирифтаанд, ки Шӯрои соҳибкорон ва Фонди муштараки сармоягузорӣ таъсис диҳанд

Март 9, 2023 19:41

ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Давҳаи  Давлати Қатар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад бин Қосим ал-Абдуллоҳ Оли Сонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду давлат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ муносибатҳои ду давлат пайваста рушд карда, ба сатҳи олӣ баромаданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар кутоҳтарин муҳлат ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ баргузор намуда, дар доираи он масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, савдою хизматрасонӣ, содироти молу маҳсулот ва дигар соҳаҳоро густариш диҳанд.

Дар ин замина ҳамчунин зарурати фаъолсозии робитаҳои бахши хусусӣ ва нақши муассири он дар рушду таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат таъкид карда шуд.

Ҳамзамон Завқӣ Завқизода пешниҳод намуд, ки бо мақсади иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои роҳбарони олии ҳар ду давлат, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба Шӯрои соҳибкорон ва Фонди муштараки сармогузорӣ таъсис дода шавад.

Инчунин аз Вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад бин Қосим ал-Абдуллоҳ Оли Сонӣ даъват ба амал оварда шуд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд изҳор намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 9, 2023 19:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон 85 фоизи аҳолиро бо маҳсулоти ғизоии ватанӣ таъмин мекунад
Аъзои ҳайати Фландрияи Подшоҳии Белгия бо фаъолияти «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд
Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ҳамкориро дар самти рушди сармояи инсонӣ ва рақамикунонӣ густариш медиҳанд
Агентии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Душанбе 110 кг маҳсулоти гуногуни ҳасибии пастсифат ва ғайристандартиро ошкор намуд
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист байни Тоҷикистон ва Муғулистон баррасӣ гардид
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Робитаҳои соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Фландрияи Подшоҳии Белгия густариш меёбанд
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Фландрияи Шоҳигарии Белгия ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро густариш медиҳанд