«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд

Ноябрь 23, 2026 15:10

ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аввалин парвози мунтазами мусофиркашонӣ дар хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанбе аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» иҷро гардид. Маълумоти марбут ба ҷадвали парвозҳо ва арзиши чиптаҳоро аз корбарони маркази маълумотдиҳии «Shohin Airlines» бо рақами 44 640 77 77 пайдо кардан мумкин аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин ширкат хабар доданд.

Парвозҳо дар ин самт тавассути ҳавопаймои L410 NG, ки «Бадахшон»  номгузорӣ шуда, 19 ҷойи мусофирнишин дорад, амалӣ мегарданд. Ҳавопаймо маҳсули ширкати чехии Let Aircraft Industries буда, 2 октябр дар пойтахти мамлакат муаррифӣ гардид. Давомнокии парвоз дар хатсайри Душанбе – Хоруғ 55 дақиқаро ташкил медиҳад. Парвозҳо дар ҳолати мусоид будани вазъи боду ҳаво амалӣ мегарданд.

Ба роҳ мондани парвозҳои мунтазам байни Душанбеву Хоруғ ба беҳтар гардидани дастрасии нақлиётии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва фароҳам овардани имконияти бештар барои рафту омади шаҳрвандону сайёҳон мусоидат мекунад.

Иҷрои парвозҳои мунтазам бо хатсайри Душанбе – Хоруғ –Душанбе қадами муҳим дар рушди интиқоли ҳавоии минтақавӣ арзёбӣ гардида, дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон иқдоми рамзӣ мебошад.

Тақвияти робитаҳои нақлиётӣ байни минтақаҳо, фароҳамоварии имконияти нави гардишгарӣ ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ барои рушди пайвастаи ҷумҳуриамон аҳамияти хосса дорад.

«Бароямон ниҳоят муҳим аст, ки нақлиёти ҳавоӣ ба устуворнамоии робитаҳои иҷтимоиву тиҷоратӣ мусоидат намуда, дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҷоди имконияти нав барои сокинону меҳмонони мамлакат нақши муассир дошта бошад», — иброз дошт Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» Зафар Аҳмадзода.

АКС: Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines»

Ноябрь 23, 2026 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст