ҶУДО. Панҷ узви мунтахаби Тоҷикистон дар Гранд Слами Анталия иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 25.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Панҷ нафар узви мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар Гранд Слами Анталия, ки аз 31 март то 2 апрел баргузор мешавад, иштирок мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Барои иштирок дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ 617 варзишгар (357 мард, 260 зан) аз 85 давлат номнавис шудаанд.
Аз ҷумла, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 5 варзишгарро ба Анталияи Туркия сафарбар менамояд:
-60кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов
-66кг – Обид Ҷебов
-73кг – Беҳрӯз Хоҷазода
-81кг – Шодмон Ризоев
-90кг – Ҷаҳонгир Маҷидов
Рақобатҳо чун анъана дар ҳафт вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон сурат мегирад. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд: ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва барандагони медали биринҷӣ 1500 евро.
Барномаи мусобиқа:
31 март
Бонувон: -48кг, -52кг, -57кг
Мардҳо: -60кг, -66кг
1 апрел
Бонувон: -63кг, -70кг
Мардҳо: -73кг, -81кг
2 апрел
Бонувон: -78кг, +78кг
Мардҳо: -90кг, -100кг, +100кг
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






