VoLTE: садои комилан тоза дар смартфон

Март 14, 2023 16:03

ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ғайр аз обу ҳаво боз чӣ комилан тоза буда метавонад?

Садо тавассути технологияи VoLTE! Ба сафи истифодабарандагони фаъолтарини он — муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» аз шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода, шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Ваҳдат ва Рӯдакӣ шомиланд.

Аввалин оператори имконияти нави рақамӣ VoLTE-ро дар соли 2020 роҳандозӣ намуд. Биёед бубинем, ки ин чист ва технология ба соҳибони смартфонҳо чӣ гуна афзалият пешниҳод мекунад?

Садо дар шабакаи LTE

Long-Term Evolution ё 4G/LTE — стандарти муосири таҳвили маълумот дар шабакаҳои мобилӣ мебошад. Интернети 4G нисбат ба пайвасти 3G чанд маротиба босуръаттар буда, ҳатто аз дастрасии собит низ болотар аст. Муқоиса кунед: суръати боргирӣ дар шабакаҳои LTE метавонад ба 300 Мбит/сония, ирсоли маълумот — 170 Мбит/сония баробар бошад. Вале, нишондиҳандаи миёна барои Интернети ноқилӣ тахминан 100 Мбит/с аст. Маҳз бо ёрии 4G муштариён метавонанд бидуни таъхир видеои HD-ро тамошо кунанд, файлҳои калонро боргирӣ ва ҷойгир намоянд.

Муддатҳои зиёд LTE маҳдудияти назаррас дошт, яъне стандарт барои таҳвили маълумот, на овозҳо, пешбинӣ шуда буд. Дар баробари ҷавоб додан ба занг, соҳиби смартфон ба таври автоматӣ аз шабакаи насли чорум ба 2G/3G мегузашт. Аз ин сабаб таъхири пайвастшавӣ ба амал омада, суръати интернет коҳиш меёфт. Ҳалли мушкилот дар технологияи VoLTE (аз инглисӣ. Voice over LTE — «овоз дар шабакаи LTE») зоҳир гардид. VoLTE овозу садоро ба ҷараёни маълумот табдил медиҳад, ки аз ҳисоби он, бидуни тарки шабакаи насли чорум, суҳбат кардан мумкин аст.

Афзалияти VoLTE

Феълан ду афзалияти асосӣ мавҷуд аст. Якум — таҳвили босифати садо. Агар ҳангоми телефонияи муқаррарӣ садо бо басомади то 3400 Гц таҳвил дода шавад, пас ҳангоми занг задан тавассути VoLTE, диапазон то 7000 Гц ва зиёдтар аз он васеъ мешавад. Сухани шахс бе халалу нуқсонҳо шунида мешавад.

Афзалияти дуввум — қобилияти якбора занг задан ва истифодаи интернет бо суръати 4G мебошад. Ҳангоми суҳбат бояд ба Instagram дароед, филм боргирӣ кунед ё дар маҳал бо истифода аз навигатор роҳ пайдо кунед? Мушкилие нест!

VoLTE чӣ тавр пайваст карда мешавад

Шарти асосӣ ин аст, ки телефон ва SIM корт бояд технологияи VoLTE-ро дастрас намоянд ва дар минтақаи фарогирии шабакаи 4G бошанд. Аксар вақт пайвастшавӣ ба таври автоматӣ сурат мегирад ва дар кунҷи рости болои экран нишонаи дахлдори «VoLTE» пайдо мешавад. Агар ин бо ягон сабаб анҷом наёбад, муштарӣ бояд дастрас будани технологияро дар дастгоҳи худ бисанҷад. Барои гирифтани маълумот муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» танҳо бояд USSD-дархости *0455#-ро рақамчинӣ намоянд. Технология дастрас аст? Ҳамин тавр, шумо метавонед онро дастӣ фаъол кунед!

Дар дастгоҳҳои Apple, шумо бояд аз қисмҳои «Танзимот» — «Алоқаи кандуӣ» — «Параметрҳои маълумот» — «Овоз ва маълумот / LTE» — «VoLTE» гузаред. Нишонаро фаъол созед.

Дар смартфонҳои Xiaomi (Redmi) самт чунин аст: «Танзимот» — «Симкортҳо ва шабакаҳои мобилӣ» — «Танзимоти SIM-кортҳо» ё «Симкорти Шумо» — «VoLTE». Агар нишона мавҷуд набошад, USSD дархости *#*#86583#*#* -ро барои фаъолкунии технологияи VoLTE рақамчинӣ кардан зарур аст.

Дар дастгоҳҳои Samsung тарзи пайвасткунӣ чунин аст: «Танзимот» — «Пайвастшавӣ» — «Шабакаҳои мобилӣ» – фаъол кардани нишона дар сатри «Зангҳои VoLTE».

Агар амалҳои танзимкуниро мустақилона иҷро карда натавонед, пас ба мушовирони наздиктарин толори алоқаи МегаФон Тоҷикистон муроҷиат намоед ё дастурамалро аз сомонаи оператор боргирӣ намоед. Аз технологияи «садои комилан тоза» ҳаловат баред!

АКС: МегаФон Тоҷикистон

Март 14, 2023 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст