5 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ. Намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми XIII иқтисодии ҷавонони Авруосиё ғолиб шуданд

Апрель 28, 2023 13:08

ДУШАНБЕ, 28.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми XIII иқтисодии ҷавонони Авруосиё, ки аз 25 то 27 апрел таҳти унвони «Ҷаҳони бисёрқутба дар меҳвари воқеияти нав» дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия баргузор гардид, сазовори 5 ҷойи ифтихорӣ шуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.

Аз ҷумла, намояндагони донишгоҳ дар бахшҳои алоҳидаи он сазовори дастовардҳои назаррас гардиданд. Дар озмуни «Роҳҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» устоди факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ Умед Муродзода сазвори ҷойи якум,  дар озмуни «Амнияти иқтисодӣ аз нигоҳи ҷавонон: таҷрибаи ҷаҳонӣ» ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносӣ  Шоҳкарим Шабонов –– ҷои якум,  дар самти ҳуқуқ ва тиҷорат: эволютсия ва инноватсия донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ Муҳаммадҷон Иброҳимов сазвори ҷои  якум гардиданд. Инчунин дар озмуни «Мушкилот дар услуби Тик-ток» донишҷӯи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ Азиза Мамаҷонова ҷои якум, дар озмуни «Шаҳр: ояндаро кушоед» донишҷӯи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ Снежелана Окилова низ сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Дар  Форум 11 ҳазор намояндаи 44 давлат, аз ҷумла Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Перу, Эквадор, Аргентина, Фаронса, Олмон, Венгрия, Чехия, Беларус низ ширкат дошт.

Дар доираи форум баргузории чорабиниҳо дар 7 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуд.

Ҳамзамон имрӯз пахши маҷозии маросими мукофотсупории форум баргузор гардида, дастаи донишҷӯёни донишгоҳ аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода қадрдонӣ карда шуд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Апрель 28, 2023 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд