ҲАДАФ — МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо донишҷӯён мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 13.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ доир карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.
Зимни мулоқот вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ дар байни ҷавонон сухан гуфта шуд.
Иброз гардид, ки вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза ҳассос ва хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми давлатҳои олам, аз ҷумла давлати мо мушоҳида мегардад. Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаҳои асосии ҷаҳони имрӯза шинохта шуда, пайравони он ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб ва ба ҷараёнҳои террористӣ шомил менамоянд.
Гуфта шуд, ки муҳаққиқон ва коршиносони масоили сиёсӣ бар ин назаранд, ки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ ба ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинон, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои тундраву террористии фаъолмияташон манъшуда ҷалб намудани онҳо аз роҳу воситаҳои гуногун истифода менамоянд. Дар аксар маврид қишри ноогоҳу камсавод ва хурофотӣ ба доми чунин гурӯҳҳои ифротӣ меафтад.
Тазаккур дода шуд, ки дар чунин вазъи пешгӯинашавандаи сиёсии сайёра ҳар фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро зарур аст, ки ба афкори барғалати гурӯҳҳои радикалӣ фирефта нагардида, пайи омӯзиш, азбарнамоии илму дониш ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистон саҳм гузоранд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд






