Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд

Октябрь 10, 2026 16:00

ҲИСОР, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҷамоатҳои деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, Ҳисор ва Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор иншооти нави ҳаётан муҳим ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии  АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор   иттилоъ доданд.

Дар деҳаи Кафшдӯзони Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 ба номи Шафеъ Барот мавриди истифода қарор дода шуд.

Бино  бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва саҳми сокинону соҳибкорон бунёд ёфтааст. Бинои мактаб аз ду ошёна ва 10 синфхона иборат буда, дар он зиёда аз 500 хонанда дар ду баст бо ҷойи нишаст таъмин гардиданд.Инчунин дар бинои мактаб  Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон барои  ду гурӯҳ ташкил карда шуд.
Ҳамчунин дар деҳаҳои Ҷалолобод ва Деҳи Нави Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо коргоҳи хурди дӯзандагӣ, маркази касбомӯзӣ бо  10 ҷойи кор ва ошхонаи миллӣ  барои хизматрасонӣ ба 200 нафар дар як вақт ба истифода дода шуд. Дар ин рӯз ба кӯдакони ятим лавозимоти хониш тақдим гардид.

Ҳамзамон дар  деҳаи Ҳисори Ҷамоати  деҳоти Ҳисор майдончаи варзишии замонавӣ бо ҷойи нишаст мавриди истифода  қарор дода шуд. Иншооти мазкур бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои миллӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори деҳот бунёд карда шудаанд.

 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

 

Октябрь 10, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд