Ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ситоди он ба назорати ҷараёни омодагӣ ва баргузории раъйпурсӣ дар Узбекистон оғоз кард
ДУШАНБЕ, 13.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел дар Тошканд ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва ситоди он ба кор оғоз кард. Бо даъвати Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Узбекистон ҳайати нозирони ИДМ дар назорати рафти омодагӣ ва гузаронидани раъйпурсӣ оид ба лоиҳаи қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Узбекистон «Дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Узбекистон» иштирок мекунад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.
Мулоқоти Раиси Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Узбекистон Зайниддин Низомхоҷаев бо роҳбари ҳайати нозирони ИДМ, Котиби генералии ИДМ Сергей Лебедев ва аъзои ситоди ҳайат баргузор шуд. Зайниддин Низомхоҷаев меҳмононро бо рафти омодагӣ ба раъйпурсӣ шинос кард. Вай ишора намуд, ки он шароити ошкоро мегузарад.
Роҳбари ҳайати нозирони ИДМ таъкид кард, ки кори ҳайат дар асоси асосҳои бетарафии сиёсӣ, дахолат накардан ба омодагӣ ва гузаронидани раъйпурсӣ ва корҳои дохилии давлат ва қатъиян тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Узбекистон ба роҳ монда мешавад. «Мо вазифаи худро дар мусоидат кардан ба маъракаи озод ва демократӣ мебинем», — баён дошт роҳбари ҳайат.
Сергей Лебедев ба Зайниддин Низомхоҷаев иттилоъ дод, ки «ситоди ҳайати нозирони ИДМ имрӯз ба кор шуруъ кард. Вай фаъолияти нозиронро ташкил намуда, тартиби кори онҳоро дар арафаи овоздиҳӣ ва рӯзи овоздиҳӣ муайян мекунад, онҳоро ба минтақаҳои Узбекистон тақсим карда, дастурҳои зарурӣ медиҳад.
Ҳангоми назорати дарозмуддат мо ба нақша гирифтаем, ки аз кори комиссияҳои раъйпурсӣ дар ҳама сатҳҳо, мониторинги воситаҳои ахбори оммаи телевизионӣ ва чопӣ дидан кунем ва омӯзем. Нозирони кӯтоҳмуддат барои иҷрои вазифаҳои худ 2-3 рӯз пеш аз овоздиҳӣ меоянд ва пас аз гирифтани тамоми маводи зарурӣ дар ситоди ҳайат ба иҷрои вазифаҳои худ шуруъ мекунанд.
Дар доираи мулоқот ба нозирони ҳайати ИДМ имконият пайдо шуд, ки бо кори маркази иттилооти фаврӣ, инчунин бо амалияи истифодаи технологияҳои нави иттилоотӣ ҳангоми омодагӣ ба раъйпурсӣ шинос шаванд.
Пас аз анҷоми мулоқот Сергей Лебедев ба расонаҳо дар бораи оғози фаъолияти ҳайати нозирони ИДМ изҳороти расмӣ дод. Вай таваҷҷуҳи ВАО-ро ба шумора ва таркиби ҳайат ҷалб кард: «Ҳоло раванди ташаккули ҳайат идома дорад. Мо умедворем, ки ба ҳайати он намояндагони давлатҳои иштирокчии ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Маҷлиси парламентии Иттиҳоди Беларус ва Русия, кумитаи Иҷроияи ИДМ дохил хоҳанд гашт.
Дар назар аст, ки ҳудуди 50-60 нозир аз ИДМ дар назорати омодагӣ ва баргузории раъйпурсӣ иштирок кунад».
Ёдовар мешавем, ки нозирони Иттиҳод бори нуҳум аст, ки дар Узбекистон мушоҳидаро ба анҷом мерасонанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ»Ховар»
АКС: Кумитаи иҷроияи ИДМ