Ҳайати парлумонии Тоҷикистон аз Эрмитажи давлатӣ ва музей-мамнуъгоҳи «Царское село» дидан намуд

Апрель 12, 2023 17:52

ДУШАНБЕ, 12.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати расмии Парлумони Тоҷикистон дар доираи барномаи фарҳангии чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Эрмитаж ва музей- мамнуъгоҳи давлатии «Царское село» дидан намуд. Дар ин хусус котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз ҳайати расмии Парлумони Тоҷикистон, ки ба он аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон шомил мебошанд, таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ), ҷаласаи пленарии 55-уми АБ ИДМ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуд.

Дар ин ҷаласа вакилони Маҷлиси намояндагон дар баробари дигар вакилони парламентҳои давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бештар масъалаҳоеро муҳокима менамоянд, ки аксари кулли онҳо ба масъалаҳои ҷустуҷӯи роҳҳои вусъат бахшидан ба равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф ва сиёсӣ дар байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида шудаанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 12, 2023 17:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид