Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд

Апрель 28, 2023 11:43

ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ дар ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ), ки дар иёлати Гоаи Ҳиндустон  баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.

Ҷаласа  таҳти раёсати Корпоратсияи инфрасохториву молиявии Ҳиндустон ҳамчун раисикунанда ва бо иштироки роҳбарони бонкҳои аъзо доир гардид. Дар он беш аз 5 масъалаи муҳим дар самтҳои бонкдорӣ, сармоягузории мустақим байни бонкҳои аъзои Иттиҳод, табодули таҷриба ва маблағгузории савдо ҷиҳати рушди гардиши молу маҳсулот байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасии роҳбарони бонкҳо қарор дода шуд.

Дар интиҳои ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби раисони бонкҳои аъзо протокол ба имзо расид, ки имкон медиҳад фаъолияти молиявии бонкҳои аъзои Иттиҳод боз ҳам ҷоннок карда шуда, ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногун густариш ёбад.

Ҳамзамон интизор меравад, ки ҳайати расмии «Амонатбонк» дар доираи ҷаласаи Иттиҳоди байнибонкӣ бо як зумра роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоту суҳбатҳои судманди дуҷониба анҷом диҳад.

АКС: «Амонатбонк»

Апрель 28, 2023 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст