Ҳангоми сӯхтор дар Дубай тақрибан 16 нафар ҳалок гардид

Апрель 17, 2023 10:53

ДУШАНБЕ, 17.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари сӯхторе, ки рӯзи шанбе дар як бинои истиқоматии  шаҳри Дубай ба амал омад, тақрибан 16  нафар ҳалок ва 9 тани дигар захмӣ шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи якшанбе рӯзномаи «Khaleej Times» хабар додааст.

Мувофиқи навиштаи ин нашрия, рӯзи шанбе, соати 12:35 ба вақти маҳаллӣ, наҷотдиҳандагон дар бораи рух додани сӯхтор дар як бинои истиқоматӣ дар минтақаи Эр — Раас иттилоъ гирифтанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби сӯхтор риоя нашудани талаботи бехатарӣ будааст. Тафтиши ҳолатҳои ҳодиса оғоз шуд.

Корманди яке аз мағозаҳои дар бино ҷойгиршуда ба нашрия гуфт, ки «садои баланд шунида шуд». «Чанд лаҳзаи аввал мо нафаҳмидем, ки чӣ рух дода истодааст. Аммо баъд мо дуд ва оташро аз тиреза дидем», — афзуд ӯ.

Ба гуфтаи шоҳид, чанд нафар кӯшиш кард, ки ба бино ворид шавад, то ба одамон кумак кунад, аммо аз сабаби дуд натавонистанд ва наҷотдиҳандагонро интизор шуданд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 17, 2023 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад