ҶАВОНОН, ПАЁМ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ. Дар шаҳри Норак бо ҷавонон хониши сиёсӣ баргузор шуд
НОРАК, 12.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ»- таҳти ин унвон 11 апрел байни ҷавонони 14-18-сола ва волидайни онҳо дар муассисаи таълимии №16-и деҳаи Найи зираки Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак хониши сиёсӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.
Вохӯрӣ тибқи нақшаи баргузории хонишҳои сиёсӣ аз рӯйи даҳ самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон доир шуд. Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба донишомӯзии ҷавонон, маърифати шаҳрдорӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, хизмати ихтиёрӣ дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳ, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа сухан гуфтанд.
Гуфта шуд, ки ҷавонони мо бояд дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ саҳми арзишманд гузоранд. Ҳамчунин нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзанда ва мояи ифтихори ҳар яки мо мебошад. Аз ин рӯ зарур аст, ки дар ҳамаи соҳаҳо мутахассисони хубу болаёқат тарбия намоем, то ин ки барои рушду нумӯи давлати азизамон саҳм гузоранд.
Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, хонишҳои сиёсӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр бо иштироки падару модарони хонандагон гузаронида мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
Ба фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ — ҲАДАФУ МАРОМИ ЗИНДАГӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон






