ҶАВОНОН, ПАЁМ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ. Дар шаҳри Норак бо ҷавонон хониши сиёсӣ баргузор шуд

Апрель 13, 2023 10:16

НОРАК, 12.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ»- таҳти ин унвон 11 апрел байни ҷавонони 14-18-сола ва волидайни онҳо дар муассисаи таълимии №16-и деҳаи Найи зираки Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак хониши сиёсӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.

Вохӯрӣ тибқи нақшаи баргузории хонишҳои сиёсӣ аз рӯйи даҳ самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон доир шуд. Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба донишомӯзии ҷавонон, маърифати шаҳрдорӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, хизмати ихтиёрӣ дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳ, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа сухан гуфтанд.

Гуфта шуд, ки ҷавонони мо бояд дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ саҳми арзишманд гузоранд. Ҳамчунин  нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ,  ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзанда  ва мояи ифтихори ҳар яки мо мебошад.  Аз ин рӯ зарур аст, ки дар ҳамаи соҳаҳо мутахассисони хубу болаёқат тарбия намоем,  то ин ки  барои рушду нумӯи давлати азизамон  саҳм гузоранд.

Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак,  хонишҳои сиёсӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр бо иштироки падару модарони хонандагон гузаронида мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Апрель 13, 2023 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бунёди ҷомеаи муосир бе ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон имконнопазир аст
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-ПАЙКИ САОДАТОВАР. Он омили пешрафти ҷумҳурӣ ва таъмини зиндагии арзанда барои мардум аст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Танҳо ба воситаи маърифати баланди ҳуқуқӣ метавон ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд намуд
«ХАВФИ РЕПУТАТСИОНӢ». Доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон ин мавзуъро шарҳ медиҳад
МАСОИЛИ САНОАТИКУНОНӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин мавзуъ
Дар ноҳияи Вахш вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
«ПАЁМ ЧУН РОҲНАМОИ ЗИНДАГӢ». Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе таҳти ин унвон конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ доир ба аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
«ҲАДАФҲОИ ТАРБИЯВИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ маҳфили тарбиявӣ баргузор шуд