БА ХОТИРИ ҲИФЗИ САЛОМАТИИ МАРДУМ. Ба Бадахшон дастгоҳи сайёри санитарию эпидемиологӣ ворид карда шуд

Апрель 18, 2023 08:51

 ДУШАНБЕ, 18.04.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии мардум ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгоҳи сайёри санитарию эпидемиологӣ ба маблағи 497 ҳазор доллари ИМА дастрас гардид. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Роҳбарияти вилоят зимни қабули дастгоҳи мазкур таъкид доштанд, ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, зери таваҷҷуҳи пайвастаи давлату ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Дастрас гардидани дастгоҳи сайёри санитарию эпидемологӣ ба вилоят шаҳодат аз ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сокинони вилоят мебошад.

Ба масъулин дастур дода шуд, ки минбаъд бо ин таҷҳизоти муосири тиббӣ сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолиро дар минтақаҳои дурдасти вилоят боз ҳам баланд бардошта, дар ҳифзи сиҳатии ҷомеа саҳм гузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Апрель 18, 2023 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд