Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе Ниммарафони байналмилалӣ баргузор мешавад

Апрель 5, 2023 14:41

ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 апрел, соати 09:00 Ниммарафони XIII байналмилалии Душанбе баргузор мегардад. Аз ҳамаи бародаршаҳрҳои Душанбе давандагон ба ниммарафон даъват карда мешаванд, иттилоъ додааст шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқаи мазкур қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба имзо расид. Ниммарафони анъанавии байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, гузаронида мешавад.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи байналмилалии мазкур бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоӣ доранд, баргузор мегардад.

Дар Ниммарафони Душанбе чун анъана, дар баробари варзишгарони тоҷик намояндагони Беларус, Канада, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон, Украина, Фаронса, Чин, ИМА, Эрон ва дигар давлатҳо иштирок менамоянд.

Бояд зикр кард, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба варзишгароне, ки дар Ниммарафони байналмилалии Душанбе байни мардон ва бонувон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро ишғол мекунанд, ҷоизапулӣ дода мешавад:

Ҷои 1: 39 200 сомонӣ;

Ҷои 2: 33 600 сомонӣ;

Ҷои 3: 28 000 сомонӣ;

Ҷои 4: 22 400 сомонӣ;

Ҷои 5: 20 160 сомонӣ;

Ҷои 6: 16 800 сомонӣ.

Ёдовар мешавем, ки 16 апрели соли 2022 бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе Ниммарафони XII байналмилалӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида буд. Дар мусобиқаи мазкур беҳтарин варзишгарон аз бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо шаҳри Душанбе ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ доранд, аз қитъаҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё иштирок намуданд. Бояд иброз дошт, ки дар Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе-2022 дар баробари намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин беш аз 10 варзишгар аз 7 давлати хориҷӣ, аз қабили Қирғизистон, Узбекистон, Кения, Эфиопия ва дигар кишварҳо ширкат варзида буданд

Бояд гуфт, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар баробари Ниммарафони Душанбе инчунин дигар мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои фарҳангиву оммавӣ ва озмунҳо баргузор карда мешаванд.

Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 5, 2023 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд