ИФТИХОР АЗ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН МЕКУНЕМ! Дар Душанбе роҳпаймоии осоиштаи ҷашнии Донишгоҳи миллӣ доир гардид

Апрель 15, 2023 08:17

ДУШАНБЕ, 15.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, 14 апрел дар ҳудуди Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун рамзи ифтихор аз пойтахти гулбадомони мамлакат роҳпаймоии осоиштаи ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.

Дар роҳпаймоӣ ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ, аз ҷумла роҳбарияти донишгоҳ, устодони унвондор, собиқадорон, кормандон, донишҷӯёни гирандаи Стипендияи Президентӣ, ғолибону иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат», гурӯҳи ҷавонон – донишҷӯёни «Пайравони Пешвои миллат», бахши ҷавонону духтарон, устодони кафедраи ҳарбӣ, кормандони шуъбаи бехатарӣ, омӯзгорону муҳассилини самти тиббию фарматсевтӣ, варзишгарон  ва омӯзгорону хонандагони Литсейи донишгоҳ иштирок намуданд.

Роҳпаймоӣ бо  ташаббуси  ташвиқотии роҳбарияти донишгоҳ доир шуда, баргузории он тарғибгари иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз қабили ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ дар масъалаи обу иқлим ва тадбирҳои ба шаҳри муосиру пешрафта табдил додани шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон мебошад.

Баъд аз роҳпаймоии осоишта барномаи тараннумгари зебоию ободии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ҳайати устодон, ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳро ба муносибати Рӯзи пойтахт самимона табрик гуфта, изҳор намуданд, ки шаҳри Душанбе ифтихори тоҷикони дунё буда, дар заминаи ибтикороти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯз то рӯз ободу зеботар мегардад.

Роҳпаймоии ҷашнӣ нишонаи иттиҳоду ҳамдилӣ ва сарҷамъию хушбахтии миллат буда, бо ифтихор аз ободию оромӣ роҳпаймоӣ намудан далели зиндагии шоиставу арзандаи мардуми саодатманди Тоҷикистон мебошад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Апрель 15, 2023 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд