Барномаи ҷаҳонии озуқа барои ҳалли масъалаи гуруснагӣ дар ҷаҳон ба ҳамкории бештар даъват намудааст
ДУШАНБЕ, 07.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳамкории ҷаҳонӣ бояд дар шароити буҳрони бесобиқаи ғизо тақвият дода шавад», иброз намуд директори иҷроияи Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ Синди Маккейн. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар додааст.
Дар ҳоле ки муноқишаҳо, нобарориҳои иқтисодӣ, ҳодисаҳои фавқулодаи иқлимӣ ва болоравии нархи нуриҳо амняти ғизоиро шадидтар мекунанд, ҳамкории байналмилалӣ ба хотири наҷоти ҷони миллионҳо одамоне, ки дар минтақаи хатар қарор доранд, муҳим аст,-гуфт С.Маккейн.
«Авлавияти ман равшан аст: захираҳоро бояд афзоиш диҳем, самаранокии худро беҳтар созем, муносиботи шарикӣ ва инноватсияро инкишоф диҳем, то ба онҳое, ки ба он эҳтиёҷи бештар доранд, ҳалли замонавии масъала пешкаш гардад»,-гуфт ӯ.
С.Маккейн гуфт, ки яке аз иқдоми аввалини ӯ таъсиси гурӯҳи мақсаднок оид ба масоили инноватсионӣ аст, ки мутахассисони боистеъдодро аз бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ барои таҳияи амалҳои муассир ҷиҳати ҳалли мушкилии гуруснагии ҷаҳонӣ муттаҳид менамояд.
Тибқи арзёбии Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ, соли 2023 беш аз 345 миллион нафар дар саросари ҷаҳон бо буҳрони амнияти ғизоӣ рӯбарӯ гардид, ки 43 миллиони он дар остонаи гуруснагӣ қарор дорад.
Оҷонсии СММ гуфт, ки соли гузашта ба 158 миллион нафар дар саросари ҷаҳон кумаки ғизоӣ расонидааст, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар тӯли тамоми таърих аст.
АКС аз манбаъҳои боз








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






