Беш аз 10 нафар бар асари сӯхтор дар иншооти саноатӣ дар Чин ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 18.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Қариб 11 нафар дар яке аз иншооти саноатии маҳаллӣ дар вилояти Чжэтсзян дар шарқи Чин бар асари сӯхтор ба ҳалокат расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус рӯзи сешанбе Телевизиони марказии Чин хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, сӯхтор рӯзи душанбе тақрибан соати 14:00 ба вақти Пекин дар ноҳияи Вуи, ки аз ҷиҳати маъмурӣ тобеи шаҳри Тсзинхуа мебошад, рух додааст.
Ба ҷойи ҳодиса фавран сӯхторнишонҳо, табибон ва пулис расид. Мақомот корҳои наҷотдиҳӣ ташкил карданд. Сабабҳои ҳодиса таҳқиқ карда шуда, тафтиш идома дорад.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






