ЧӢ БОЯД КАРД, ТО ҲАНГОМИ ОББОЗӢ АЗ ҒАРҚШАВӢ ЭМИН МОНД? Ва ё мавсими оббозӣ ҳанӯз фаро нарасидааст
ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо фарорасии мавсими гармшавии ҳаво оббозӣ ба яке аз шуғлҳои асосии аҳолӣ, махсусан наврасон ва ҷавонон табдил меёбад. Аммо донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя кардани онҳо метавонад аз оқибатҳои ногувор ҷилавгирӣ намояд. Мутахассисон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонанд, ки дар ҳарорати аз +20 дараҷа пасттари об дар он оббозӣ кардан тавсия дода намешавад, зеро ногаҳон аз ҳуш рафтан ва ҳатто аз сабаби хунукӣ ба ҳалокат расидан имкон дорад, изҳор доштанд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки ҳар шахс бояд шиновариро сари вақт ёд гирад ва фарзандонашро омӯзонад, ҳамзамон қоидаҳои бехатариро дар об риоя кардан зарур аст.
Қоидаҳои оббозӣ муқаррар менамоянд, ки бори аввал бояд дар ҳавои офтобии бешамол дар ҳолати ҳарорати ҳаво 20-23 дараҷа гарм ва ҳарорати об 17-19 дараҷа гарм будан оббозӣ намудан мумкин аст.
Оббозӣ дар ҳолати мастӣ ва нӯшидани машруботи спиртӣ иҷозат дода намешавад, зеро метавонад боиси ҳалокати одамон гардад;
Пеш аз оббозӣ ҳатман бояд истироҳат кард;
Оббози хасташуда бояд дар хотир дошта бошад, ки ҳолати мувофиқ барои истироҳат дар дохили об ҳолати «хобидан ба пушт» мебошад.
Дар ҳоли ғазаб ва асабоният набояд нияти оббозӣ кард;
Аз ҷойҳои нишонгузоришуда дур рафтан тавсия дода намешавад;
Ба об оҳиста дохил шуда, дар ҳолате, ки об то миён расад, истода, зуд ғӯта задан лозим аст. Агар шахс ба қувваи худ боварӣ надошта бошад, бояд танҳо оббозӣ накунад;
Дар дарёчаҳо, кӯлҳо ва маконҳои ношинос ба об паридан ниҳоят хатарнок аст, зеро хавфи бархӯрди сар ба сангҳо ва дигар ашёи қаъри об вуҷуд дорад, ки боиси шикастани гардан ва аз ҳушравӣ ё фавт шуда метавонад;
Ба қаиқҳо наздик шудан мумкин нест;
Ҳангоми бозӣ дар дохили об аз даст ва ё пои ҳамдигар доштан тавсия дода намешавад;
Аз ҳудуди барои оббозӣ муқарраршуда берун баромадан низ мумкин нест;
Ба шахсони малакаи шиноварӣ надошта танҳо дар ҷойҳои махсус муқарраршуда ва ҷиҳозонида оббозӣ кардан иҷозат дода мешавад;
Ҳамзамон ба иттилои Кумита, дар лагерҳои тобистонаи мактабӣ бояд макони барои оббозӣ муқарраршуда барои омӯзонидани бачаҳои синни то 9-сола набояд аз аз 0,7 метр ва барои синни 9-11- сола на зиёда аз 1,2 метр чуқурӣ дошта бошад.
Дар ҷойҳои оббозӣ бояд дар чуқурии 1,2-1,3 метр ченчӯбҳо гузошта шаванд.
Масъулияти ташкили шароити зарурии мувофиқ ба талабоои муқарраргардида ба зиммаи соҳибмулкон ва роҳбарони соҳили фароғатгоҳҳо ва муассисаҳои истироҳатии дорои объектҳои шиноварӣ вогузор карда мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода ва ҳар гуна садама дар объектҳои об шаҳрвандон метавонанд ба навбатдори фаврии Кумита бо телефонҳои 112, 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 муроҷиат намоянд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд






