Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 08.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 21 апрел дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал гузаронида мешавад. Ин ярмаркаҳо дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин пешгирии болоравии нархи маводи озуқа доир карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдусалом Нозимов хабар дод.
«Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар КВД «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), дар майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино ва дар майдончаи назди КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкил карда мешавад», -гуфт Абдусалом Нозимов.
Ба иттилои манбаъ, дар ярмаркаҳои мазкур нархи картошка аз 4 то 4,5 сомонӣ, пиёз 5,5 сомонӣ, сабзӣ 4 сомонӣ, як литр равғани растанӣ 18 сомонӣ, шакар 9 сомонӣ, гӯшти гов 55 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 68 сомонӣ, биринҷ 10 сомонӣ, орди навъи 1-ум 260 сомонӣ муайян гардидааст. Дар ин ярмаркаҳо меваҷот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ низ бо нархҳои дастрас пешкаши харидорони шаҳр гардонида мешаванд.
Ба гуфтаи мутахассис, аз ҷониби КВД «Оид ба истехсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» дар асоси шартномаҳои тарафайн бо ширкатҳои хориҷии таъминкунандаи маҳсулот, аз ҷумла Федератсияи Русия, Қазоқистон, Беларус ва Ҳиндустон аз моҳи январ- март (то 2 апрели соли 2023) маҳсулоти зерин, аз ҷумла, орд ба миқдори 9778,1 тонна, равғани растанӣ ба миқдори 1012,4 тонна, шакар ба миқдори 201 ҳазору 13,3 тонна, биринҷ ба миқдори 754,0 тонна ва гандум ба миқдори 9730,0 тонна, орди (Комбинати орди шаҳри Душанбе) ба миқдори 1850.0 тонна, пиёз ба миқдори 6006,8 тонна, картошка ба микдори 5010,9 тонна, сабзӣ ба микдори 1020,0 тонна ва ангур ба миқдори 30.0 тонна махсулот харид карда шуд.
«Захираи маҳсулот то 2 апрели соли 2023 дар анборҳо чунин миқдор аст: картошка- 5010,9 тонна, пиёз- 6006,8 тонна, сабзӣ- 1020 тонна, шакар- 3043,4 тонна, равғани растанӣ- 708,7 тонна, орд- 3571,4 тонна, биринҷ- 210,0 тонна ва ангур ба микдори 30,0 тонна», -гуфт Абдусалом Нозимов.
Инчунин дар 15 нуқтаи сераҳолии шаҳри Душанбе ярмаркаҳои доимамалкунанда фаъолият менамоянд, ки дар онҳо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида мешаванд. Ярмаркаҳои доимамалкунанда ҳамарӯза дар даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналӣ ва хусусии пойтахт фаъолият мекунанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад






