Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба рушди устувори шаҳрҳо то соли 2030 баррасӣ гардид

Апрель 5, 2023 09:12

ДУШАНБЕ, 05.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Мақомоти маҳаллӣ ва Ҳадафҳои рушди устувор»-таҳти чунин унвон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои роҳбарони раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ машварати омӯзишӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе хабар доданд.

Машварат бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шуъбаи авруосиёии Ташкилоти умумиҷаҳонии «Шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ» созмон дода шуда, аз ҷониби мутахассисону коршиносони шуъбаи авруосиёии ташкилоти мазкур гузаронида шуд.

Машварат дар шакли пурсишу посух доир шуда, дар он масъалаҳои марбут ба рушди устувори шаҳрҳо дар давраи то соли 2030, маҳаллисозии ҳадафҳо, принсипҳои асосӣ ва шарҳи онҳо, ҳадафи 11 «Шаҳрҳои устувор ва маҳалҳои истиқоматӣ», иқлим ва ҳадафҳо, асосҳои банақшагирии лоиҳаҳои рушди шаҳрсозӣ бо инобати ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон оид ба ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои рушди шаҳрсозӣ, корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ дар ин самт ва мониторинги татбиқи ҳадафҳо ва шарҳҳои миллӣ, субмиллӣ ва маҳаллӣ машқҳои интерактивӣ гузаронида шуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва Дабири кулли шуъбаи авруосиёии Ташкилоти умумиҷаҳонии «Шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ» Расих Сагитов дар маросими ифтитоҳи машварат роҷеъ ба нақши шаҳри Душанбе дар таҳким ва рушди муносибат ва ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан судманд дар байни шаҳрҳо, ҳамчунин фароҳам овардани шароит барои муколама байни шаҳрҳои тамоми ҷаҳон дар чаҳорчӯби ташкилот маълумот доданд.

Гуфта шуд, ки шаҳри Душанбе аз соли 2006 ба узвияти Ташкилоти умумиҷаҳонии «Шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ» пазируфта шудааст. Дар ин давра барои роҳандозӣ, таҳким ва густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни шаҳрҳои ҷаҳон, аз ҷумла ҳамкории иҷтимоӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ тамоми имконият ва шароити заруриро фароҳам овардааст.

Имрӯз 240 шаҳри ҷаҳон аъзои Ташкилот буда, онҳо дар 7 маркази минтақавӣ гирд оварда шудаанд. Шаҳри Душанбе ба қароргоҳи минтақаи авруосиёӣ, ки дар шаҳри Қазон мустақар аст, шомил мебошад.

Дар ҷамъбасти кори машварат иштирокчиёни он бо шаҳодатнома (сертификат) қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Апрель 5, 2023 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид