Дар Душанбе масъалаи тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва СММ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамоҳангсози Намояндагии СММ дар Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуд, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди тарафҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат хабар доданд.
Гуфта шуд, ки таҳти сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо шарикони рушд, бахусус бо СММ барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ ва ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар робита ба ин ба Намояндагии СММ дар Тоҷикистон барои ҳамкории мутақобилан судманд ва ҳиссагузорӣ дар рушди устувори иқтисодии мамлакат миннатдорӣ баён карда шуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ, ҷалби маблағҳои грантӣ вобаста ба пешгирии таъсири омилҳои берунӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди ҷумҳурӣ ва дурнамои чаҳорчӯбаи ҳамкории миёнамуҳлат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Илова бар ин ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани мизи мудаввар оид ба муаррифии лоиҳаи Шарҳи ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар сафи давлатҳои пешсаф оид ба ташаббусҳо дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим қарор дорад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






