Дар Душанбе нуқтаҳои партовҷамъкунӣ таъмир ва навсозӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 11.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нуқтаҳои партовҷамъкунии ноҳияҳои пойтахт, аз ҷумла ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъмир карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки нуқтаҳои муваққатии партовҷамъкуниро давра ба давра таъмир ва навсозӣ намояд.
Мутобиқ ба маълумоти мавҷуда, дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ 322 нуқтаи муваққатии партовҷамъкунӣ мавҷуд аст, ки 72 адад ба шаҳракҳо, 89 адад ба маҳаллаҳо, 20 адад ба шахтаҳо ва 141 адад ба ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия рост меояд.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе корҳои ободонию созандагӣ идома дошта, партовгоҳҳо таъмир ва навсозӣ гашта, қуттиҳо рақамгузорӣ ва ба нуқтаҳои партов дарвоза насб карда шудааст. Инчунин корхонаҳои воҳиди давлатии партовкашонӣ вазифадор карда шудаанд, ки тибқи талаботи қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе сари вақт партовро аз нуқтаҳои партовҷамъкунӣ бароранд.
Дар баробари ин аз шаҳрвандон тақозо карда мешавад, ки тозагии муҳити атроф, шаҳраку маҳалла, назди нуқтаҳои партовҷамъкунӣ ва биноҳои баландошёнаро таъмин карда, маърифати экологӣ ва фарҳанги шаҳрдориро риоя намоянд.
АКС: Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе










Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






