ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Бо афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ дидорбинӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якчанд қисми низомӣ ва мактаб-интернатҳо вохӯриҳо баргузор гардида, кумакҳои моддиву маънавӣ расонида мешавад, иттилоъ доданд дар Кумитаи мазкур.
Аз ҷумла, аз ҷониби масъулини Кумита дар Госпитали ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуда, барои сарбозону афсарон дастархони идона ороста шуд.
Намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иброз доштанд, ки имрӯз сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона иҷро намуда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва барқарории сулҳу субот ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд. Аз ин лиҳоз, адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург аст.
Чунин вохӯрӣ дар Мактаб — интернати № 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе бо баргузории барномаҳои адабию фарҳангӣ ва варзишӣ гузаронида шуда, дар фарҷом ба фаъолон туҳфаҳо тақдим карда шуд.
Гуфта шуд, ки ин кӯдакон ҳамеша таҳти ҳимояту ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва кумаки доимӣ ба онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат мебошад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






