ДАРЁФТИ РОҲҲО ВА АБЗОРИ ИСТИФОДАИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА МАНФИАТИ МИЛЛӢ. Дар Душанбе Форуми ҷавонон ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 26.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонон дар мавзуи «Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдорию давлатсозӣ» оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, 26-30 апрел дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистон Форуми ҷавонон дар мавзуи «Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдорию давлатсозӣ», инчунин барномаи иттилоотӣ –маърифатӣ таҳти унвони «Истифода дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ – кафили амнияти иттилоотӣ» баргузор мегардад.
Форуми ҷавонон ва барномаи иттилоотӣ –маърифатӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 23 май-Рўзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда мешаванд.
Дар идомаи Форум 27-29 апрел зиёда аз 60 нафар аз ҷавонони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат аз мавзеъҳои сайёҳиву таърихии минтақа ва дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, онҳоро тавассути саҳифаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ менамоянд.
Бо назардошти зиёд гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ ва нақши истифодабарандагони он дар рушди давлату ҷомеа зарурати зиёд намудани чорабиниҳо ҷиҳати фаҳмонидани истифодаи дуруст ва оқилонаи он ба миён омадааст. Дар айни замон шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо бо мақсади муошират истифода карда мешаванд, балки барои пешбурди тиҷорат, инчунин паҳн кардани иттилооти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим фаъолона истифода мешаванд.
Тибқи маълумоти масъулини Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то моҳи июли соли 2022 дар мамлакат 32 субъекти соҳибкорие, ки тавассути сомонаҳои интернетӣ ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошад, ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Давоми се моҳи охири соли 2022 аз ҷониби субъектони мазкур 112,4 ҳазор сомонӣ маблағи андоз ба буҷет пардохт карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳамчунин бахшида ба Рўзи ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» аз 26 то 30 апрел аз рӯи усули «Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир!» дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Деваштиҷ, Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд меҳмонӣ доир мегардад.
Дар доираи меҳмонии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои мазкур барномаҳои гуногун, аз ҷумла, ҳамоишу фестивал, семинару барномаи консертии «Шоми ҷавонӣ» доир шуда, баргузории бозиҳои гуногуни варзишӣ низ дар назар дошта шудааст. Инчунин иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихии ин шаҳру ноҳияҳо дидан менамоянд.
Ҳадафи асосии меҳмонӣ- васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии халқи тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу субот дар мамлакат мебошад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






