ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ДУШАНБЕ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 13, 2023 13:18

ДУШАНБЕ, 13.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми солҳои охир симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе  ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфта, бахусус меҳмонони хориҷӣ ва сайёҳон  аз тамошои боғу гулгашт ва чаманзораш ба ваҷд  меоянд ва  ба ин шаҳри сабзу муосир  дилбастагии зиёд доранд. Бояд гуфт, ки ҳамаи ин бунёдкориву ободкорӣ, инчунин сохтмони садҳо иморати таъйиноти гуногун ва  таъмини  рушди бемайлони пойтахти  мамлакат дар натиҷаи таваҷҷуҳи пайвастаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу ибтикороти созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ шуда истодаанд. Чунин изҳори назар намуд муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» дар арафаи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мавсуф тазаккур дод, ки  шаҳри Душанбе то ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф  гардидан гарчанде, ки мақоми шаҳрро надошта, танҳо аз чанд хонаи деҳотӣ ва мавзеи баргузории бозори ҳафтаина иборат буд, вале мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои бостоншиносӣ, дорои таъриху тамуддуни бою ғанӣ мебошад.

«Ҳарчанд ки оғози давраи рушди Душанбе ҳамчун шаҳр асосан ба нимаи аввали асри бист рост ояд ҳам, ин мавзеъ бо иқлими мусоид ва мавқеи мувофиқи ҷуғрофияш ҳамчун макони зисту фаъолияти одамон таърихи басе тӯлонӣ дорад.

Далели ин гуфтаҳо бозёфтҳои нодири аз ҳудуди шаҳри Душанбе ба даст оварда мебошанд, ки ба асрҳои IV-III то милод, яъне тамаддуни  неолит тааллуқ дошта, аз ҷониби олимону бостоншиносон ба давраи  ташаккули «Маданияти Ҳисор» ворид карда шудаанд», -гуфт муовини Раиси шаҳр.

Илова бар ин, инчунин аз ҳудуди шаҳри Душанбе асбобу олоти сангиву мисӣ ва бозёфтҳои дигари нодири давраи асри биринҷӣ низ ба даст омадаанд, ки аз таърихи куҳан доштани шаҳри Душанбе шаҳодат медиҳанд.

Ба гуфтаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, дар давраҳои баъдӣ ҳудуди имрӯзаи Душанбе ба ҳайати мулки Шумон шомил гардида, бо таъсис ёфтани давлати Сомониён мавзеи Душанбе ва водии Ҳисор низ дар баробари минтақаҳои дигари он ривоҷ пайдо кардааст.

«Ҳамин тариқ, маҳалҳои аҳолинишини Душанбе дар тӯли асрҳо давраҳои гуногунро аз сар гузаронидаанд. Ин шаҳр дар сари Роҳи бузурги абрешим ҷой гирифта буд ва корвони тиҷорат аз Машриқ ба Мағриб ва аз Мағриб ба Машриқ аз ҳамин ҷо убур мекард.

Тавассути Роҳи бузурги Абрешим на танҳо молу коло аз як минтақа ба минтақаи дигар тиҷорат мешуд, балки ахбори сиёсӣ ва вазъи фарҳангию иқтисодӣ низ дар байни давлатҳо баррасӣ мегардидааст», -тазаккур дод ҳамсуҳбати мо.

Бояд гуфт, ки дар Душанбе аз давраҳои қадим бозори фаровону бошукуҳ мавҷуд буд. Дар ин ҷо дар баробари маҳсулоти маҳаллӣ-ҷаву гандум, зағиру пилла, меваю сабзавот, ҳамчунин моҳути англисӣ, абрешими чинӣ, чити русӣ ва амволи дигар низ хариду фурӯш мешуд.

Аслан бозор дар ин мавзеъ ҳар ҳафта рӯзи душанбе барпо мешудааст, ки Душанбе ном гирифтани он низ аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад.

Бояд гуфт, ки номи Душанбе бори нахуст моҳи декабри соли 1676 дар номаи хони Балх Субҳонқули Баҳодур ба шоҳи давлати рус Романов зикр гардида, дар он оид ба сокин будани аҳолӣ дар мавзеи Душанбе маълумот дода шудааст.

Инчунин ҳанӯз чандин аср пеш аз ин олим ва муаррихи ибтидои асри VIII Маҳмуд ибни Валии Балхӣ доир ба иқлими мусоид, олами наботот ва ҳайвоноти мавзеи Душанбе ва атрофи он маълумоти фаровон додааст.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои воқеии таърихӣ, Душанбе то замони шӯравӣ як деҳаи хурде буд, ки ҳудуди он аз Боғи Ирам то Хонаи радио тӯл кашида, сокинони таҳҷоии он бо кишоварзиву чорводорӣ, чармгариву кулолгарӣ, заргариву мисгарӣ, оҳангариву дуредгарӣ ва кафшдӯзиву ресандагӣ машғул гардида, ба шаҳрҳои бузургу пешрафтаи он замон рафту омад доштаанд.

«Давраи асосии рушди Душанбе ба сифати шаҳр пас аз барқарор гардидани ҳокимияти шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ  оғоз ёфта, он аз 21 августи соли 1924 нахуст ба сифати маркази Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ва баъдан, аниқтараш аз 14 октябри соли 1924 баробари таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон пойтахти давлати навтаъсиси шӯравӣ эълон карда мешавад», — мегӯяд номбурда.

Ҳамин тариқ, дар замони шӯравӣ ҳудуди шаҳри Душанбе тадриҷан васеъ шуда, ободу зебо мегардад ва ҳамчун пойтахт симои худро пайдо карда, сол аз сол ба маркази воқеии сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии Тоҷикистон табдил меёбад.

«Пойтахти азизамон–шаҳри Душанбе маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббусу ғамхории Ҳукумати мамлакат ва азму талоши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар байни шаҳрҳои минтақа тадриҷан мақому манзалати миллӣ ва ҷойгоҳи шоиста пайдо карда, дар айни замон ба яке аз шаҳрҳои сабзу хуррам, ободу зебо ва рушдёбанда табдил ёфтааст», -таъкид кард ӯ.

Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Дар таърихи ҳар халқу миллат пойтахт дар самти рушду такомули давлатдорӣ, пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии он нақши калидӣ мебозад».

Ин аст, ки шаҳри Душанбе ҳамчун маркази давлати соҳибистиқлоли тоҷикон рисолати хешро дар бобати рушди самтҳои мухталифи ҳаёти мамлакат муваффақона иҷро мекунад.

Тавре Дилбар Одилзода тазаккур дод, аз ҷумлаи ифтихороти мо дар замони соҳибистиқлолии Ватани муқаддасамон аст, ки муҷассама ва маҷмааи ёдгории асосгузори давлати мутамаркази тоҷикон — Исмоили Сомонӣ, муҷассамаи поягузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар маркази Боғи «Устод Рӯдакӣ», муҷассамаи боҳашамати Абулқосим Фирдавсӣ дар Боғи «Фирдавсӣ», муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Алишер Навоӣ, пайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун тантанаи адолати таърихӣ ва рамзи таҳкими ваҳдати милливу эҳёи Тоҷикистон маҳз дар мавзеъҳои зебоманзари шаҳри Душанбе қомат афрохтаанд.

«Илова бар ин, маҳз дар ин давра бунёд гардидани даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустиву фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо, иншооту биноҳои замонавии маъмуриву хизматрасонӣ, аз қабили Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, марказҳои бузурги тиҷоратӣ ва бинои муҳташами Кохи Наврӯз ба симои шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам намуд.

Ҳамчунин қомат афрохтани Қасри миллат, Нишони давлатӣ, парафшон шудани Парчами миллӣ, бунёду навсозии боғҳои ба номи Куруши Кабир, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абдулқосими Фирдавсӣ, Алишер Навоӣ, Умари Хайём, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, кӯли «Ҷавонон», маҷмааи Наврӯзгоҳ аз қабили ободкориҳое мебошанд, ки бозгӯи санъати баланди шаҳрсозии мардуми мо ба ҳисоб мераванд», -мегӯяд мавсуф.

Ба таъкиди муовини Раиси шаҳри Душанбе, дар ин байн майдони «Истиқлол» намунаи олии иқтидори созандагӣ дар пойтахт арзёбӣ гардида,  рамзи ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар зеҳну шуури шаҳрвандони мамлакат тақвият бахшидани андешаи истиқлолу озодӣ ба шумор меравад.

«Ҳоло, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҷиҳати истиқболи ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд, Душанбе низ бо ибтикороти созандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сокинони шарафмандаш бо татбиқи нақшаҳои бунёдкорона ба пешвози он омодагии ҷиддӣ мебинад», -гуфт ӯ.

Дар доираи ин ҷашни бузурги миллӣ танҳо соли 2022 бунёди 14 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 17 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 16,3 километр роҳ, 11 бинои маъмурӣ, 23 иншооти баландошёна бо 28 маркази хизматрасонӣ, 8 иншооти варзишӣ, рангубори 146 бино, 60 нуқтаи партовпартоӣ ва якчанд корҳои дигар бо таъсиси беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор амалӣ карда шуд.

Инчунин ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти мамлакат ва суръат бахшидан ба таҷдиду навсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе таъкид дошт, ки рушди Душанбе ба сифати шаҳри дорои тамоми шароиту имконот ва инрасохтори муосиру замонавии шаҳрнишинӣ шуруъ аз соли 2017 таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба даст омада, ин раванд бо татбиқи барномаву лоиҳаҳои ҷадид дар ҳамаи соҳаҳои шаҳрдорӣ бо суръат идома дорад.

Ба таъкиди ӯ, мақоми ҳуқуқии Душанбе ба сифати пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 4 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ карда шуда, он ба таври возеҳ дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври зайл муқаррар карда шудааст: “Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон  маркази маъмурию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию таълимӣ ва таърихию фарҳангии мамлакат буда, воҳиди маъмурию ҳудудиест, ки мақоми махсуси давлатӣ дошта, дар он қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шуда, маҳалли нигоҳдории нусхаи аслии матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи тайёр кардани шакли аслии рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе оинаи таърихи зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст».

 Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Апрель 13, 2023 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҚДОМИ НАВБАТИИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР САМТИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар пойтахти Тоҷикистон Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 баргузор мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб Валид Ал-Баҳарро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Душанбе даври дуюми озмуни «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» баргузор мегардад
Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2023 муайян гардид
БА ИСТИҚБОЛИ 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе корҳои омодагӣ ба ин ҷашн оғоз гардиданд
Дар Душанбе барои сазовор таҷлил намудани 33-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мегардад
Дар мулоқот бо намояндагони ширкати «GENEW Technologies Co. LTD»-и Чин масоили телекоммуникатсия баррасӣ шуд
Дастовардҳо ва инфрасохтори сайёҳии шаҳри Душанбе мунтазам дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ карда мешаванд
Дар шаҳри Душанбе беш аз 22 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд
ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН. Дар Душанбе маросими ҷоизасупории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд