«ИЛМ–АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел дар доираи Ҳафтаи илм ба муносибати Рӯзи илми тоҷик дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ таҳти унвони «Илм – асоси рушди инноватсионӣ» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ—амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
Дар ҷаласаи пленарии конференсия маърузаҳо дар мавзуъҳои «Ҳифзи пиряхҳо ва проблемаҳои захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Зеҳни сунъӣ: хатаровар ё ёрирасони инсон?», «Саҳми Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим» ва ғайра пешниҳод гардид.
Маводи мақолаҳои конференсия оид ба самтҳои гуногуни конференсия дар доираи зиёда аз 110 мақолаи илмӣ гирд оварда шудааст.



Мақолаҳо ба 6 бахш (11 самт) тақсим шудаанд, ки аз “Энергетика ва иқтисод”, “Технологияи кимиё ва металлургия, мошинсозӣ, маводшиносӣ ва технологияи мавод”, “Сохтмон ва меъморӣ”, “Технологияи иттилоотӣ ва илмҳои бунёдӣ”, “ Нақлиёт ва сохтмони нақлиётӣ», «Илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ, экология ва идоракунии сифати таълими муҳандисӣ» иборатанд. Дар маҷмуа натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ ва амалии олимону муҳаққиқон оварда шудааст.
Дар охир омӯзгороне, ки дар омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, кадрҳои баландихтисоси муҳандисӣ ва иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ саҳми назаррас гузоштаанд, бахшида ба Рӯзи илми тоҷик бо сипоснома ва ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ













Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд






