Имрӯз дар Душанбе борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 05.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм пешгӯӣ шудааст.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7+9 ва рӯзона 17+19 дараҷа гарм мешавад.








БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд






