Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 03.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи наздик бо сабаби ба амал омадани бориш дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ эҳтимоли сар задани зуҳуроти сел дар назар аст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳ дар баъзе ҳолатҳо бориш (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа гарм то 2 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм пешгӯӣ шудааст.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи водигӣ ва доманакӯҳ борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9+11 ва рӯзона 20+22 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Тарофаҳои нав барои Суғд: интернети бештар бо нархи дастрас!
Дар шаҳри Норак Фестивали «Анор» доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Маркази омӯзишии «Русия бо Шумо» ифтитоҳ ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ОЯНДАИ ФУТБОЛ АЗ ҲОЛО ОҒОЗ МЕЁБАД. Дар Тоҷикистон мусобиқаи васеъмиқёси кӯдакона анҷом ёфт
ZET-MOBILE иқдоми нав оғоз намуд: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад






