Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Панҷ зарари аз сел расидаро муайян менамояд

Апрель 4, 2023 14:15

ДУШАНБЕ, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соати 01:30-и вақти маҳаллии  4 апрел дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар деҳаҳои Селга ва пахтакори Ҷамоати деҳоти Сайфиддин Кабуди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сели азим омада, таҳхонаи биноҳои истиқоматии сокинон, қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои киштро зери об кард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бо мақсади таъмини бехатарӣ Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Панҷ 15 хонаводаеро, ки дар селроҳа маскан доштанд, муваққатан ба ҷойи бехатар интиқол дод.

Ҷиҳати роҳандозии корҳо барои рафъи пайомадҳои офати табиӣ гурӯҳи корӣ бо сарварии муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  Сулаймон Исозода ба ноҳияи Панҷ рафта, ҳамзамон дар минтақаи офат Комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулода таҳти роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид фаъолият дорад.

Барои сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ қувваҳои зарурӣ фиристода шудаанд.

Дар айни замон корҳои барқарорсозии харобиҳои сел оғоз шудаанд. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Панҷ ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад. Дар натиҷаи офат ҳалокати одамон ба қайд гирифта нашудааст.

 АКС аз манбаҳои боз

Апрель 4, 2023 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид