КВД БА «Амонатбонк» ҷоизаи тиллоии «Бренди сол»-ро ба даст овард

Апрель 29, 2023 11:19

ДУШАНБЕ, 29.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Амонатбонк»  барандаи  ҷоизаи тиллоии «Бренди сол» гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ додааст.

Озмуни «Бренди сол-2022» таҳти унвони «Қуллаи Шараф» бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, «Амонатбонк» бо назардошти доираи фарогирии шабакаҳо, иқтидор, мавқеъ, нишондиҳандаҳои молиявӣ ва саҳми назаррас гузоштан дар татбиқи сиёсати молиявӣ ва рушди устувори иқтисодиёти мамлакат бо ҷоизаи тиллоии «Бренди сол 2022» сарфароз гардонида шуд.

Ташвиқ ва тарғиби соҳаи ҳифзи ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян ва пешниҳод намудани намунаҳои идоракунии боэътимоди брендҳо, ҳавасмандгардонии ширкатҳо барои истифодаи брендинг аз ҳадафҳои асосии озмуни  «Бренди сол – 2022» —  «Қуллаи Шараф» буд.

Дар айни замон «Амонатбонк» дорои беш аз 600 филиалу маркази бонкӣ буда, ба 25 ҳазор корхонаю ташкилот, зиёда аз 780 ҳазор нафақагири мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва зиёда аз 1,8 миллион амонатгузор хизмат мерасонад. Тамоми ин масъулиятро беш аз 3 000 корманди «Амонатбонк» бар уҳда дорад.

АКС: «Амонатбонк»

Апрель 29, 2023 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1170 то 0.1186 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8500 то 10.9105 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1145 то 0.1183 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.3086 то 9.3400 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1120 то 0.1151 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2742 то 9.3200 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8211 то 10.9400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1120 то 0.1137 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8916 то 10.9600 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2511 то 9.2800 сомонӣ муқаррар шудааст