МАФКУРАИ АСРИМИЁНАГӢ. Дар Афғонистон барои занон кор дар ниҳодҳои СММ-ро манъ намуданд

Апрель 6, 2023 16:41

ДУШАНБЕ, 06.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Афғонистон барои занону духтарон кор дар ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) манъ карда шуд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ  «Казинформ»  бо истинод ба BBC News хабар додааст.

Дар СММ изҳор доштанд, ки гарчанде  паёми хаттӣ вуҷуд надошт, вале ҳукуматдорони Афғонистон ба созмон ба таври шифоҳӣ хабар додаанд.

Ба афғонҳо — ҳам мардону ҳам заноне, ки дар муассисаҳои СММ кор мекунанд, гуфта шуд, ки ба кор нараванд — то даме, ки ин масъала аниқ карда нашавад.

Ин талабот ба занҳои афғоне, ки дар СММ ва ниҳодҳои он берун аз Афғонистон кор мекунанд, дахл надорад.

СММ ин амалро ғайри қобили қабул медонад. Намояндаи созмон изҳор дошт, ки ин тамоюли хеле ташвишовар аст.

Кормандони зан дар амалиёти имдодрасонӣ дар маҳал, бахусус дар муайян кардани занони ниёзманд нақши муҳим мебозанд. Созмони Милали Муттаҳид саъй дорад, ки ба 23 миллион нафар дар Афғонистон, ки бо буҳрони шадиди иқтисодӣ ва башардӯстона рӯ ба рӯ ҳастанд, кумаки башардӯстона расонад.

СММ иброз намуд, ки дар вилояти шарқии Нангарҳор мақомоти маҳаллӣ рӯзи сешанбе ба занони афғон иҷозаи кор дар муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳидро надодаанд.

«Ман монеъ шудан ба кори ҳамкасбони афғони моро дар вилояти Нангарҳори Афғонистон қатъиян маҳкум мекунам. Агар ин тадбир лағв нашавад, он ҳатман қобилияти моро дар расонидани кумаки наҷотбахш ба одамоне, ки ба он эҳтиёҷ доранд, халалдор мекунад», навиштааст дар саҳифаи расмии Twitter — и худ Дабири кулли созмон Антонио Гутерриш.

Баъди ба сари қудрат омадани ҳукумати нав дар Афғонистон ба ҷавондухтарон ва занон рафтан ба мактабҳо ва коллеҷҳо манъ карда шуд. Занҳо бояд тавре либос пӯшанд, ки танҳо чашмонашон кушода бошад ва агар онҳо 72 км дуртар аз хона сафар кунанд, бояд ягон мард ё хешовандон онҳоро ҳамроҳӣ кунанд.

Моҳи ноябри соли гузашта рафтани занон ба боғҳо, толорҳо ва ҳавзҳо манъ карда шуд, ки ин онҳоро пурра аз озодӣ маҳрум намуд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 6, 2023 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд