МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои рӯёнидани ҳосили фаровони пахта бояд муҳлати дурустро интихоб кард

Апрель 9, 2023 12:04

ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон кишти пунбадона босуръат идома дорад. Имсол дурнамои истеҳсоли пахта 186 ҳазор гектар муайян гардидааст. Аммо соли сипаригардида кишоварзони мамлакат дурнамои муайянгардидаро пурра иҷро карда натавонистанд ва дар майдони 181 ҳазору 542 гектар чигит кишт намуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Пахта яке аз маҳсулоти содиротӣ ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи асосии пахтакорон рӯёнидани ҳосили хуб мебошад. Нархи пахта ду соли охир дар бозори ҷаҳонӣ 30 фоиз боло рафт. Ба иттилои коршиносон, ҳоло ин нишондиҳанда ҳадди ақал дар 10 соли охир рекордӣ мебошад.

Чаро кишоварзони мамлакат соли сипаригардида дурнаморо пурра иҷро карда натавонистанд? Ё чӣ бояд кард, то деҳқонони мо ҳамасола ҳосили фаровони  «тиллои сафед» ба даст оранд?

Ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дотсенти кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров чунин посух дод:

«Яке аз шартҳои асосии рӯёнидани ҳосили хуби пахта — ин муҳлати кишт, интихоби дурусти навъи чигит ва сари вақт ба анҷом расонидани корҳои агротехникӣ мебошад. Барои кишт бояд ҳамон навъҳое интихоб шаванд, ки минтақабоб бошанд, нисбатан тезтар пухта расанд, ҳосили баланд ва сифати хуби нах низ дошта бошанд.  Инчунин шарти дигаре, ки марди деҳқон ба он таваҷҷуҳи бештар равона менамояд, ин риояи муҳлати кишти чигит мебошад. Солҳои охир кишоварзони мамлакат кӯшиш менамоянд, ки муҳлати кишти чигитро барвақттар оғоз намоянд. Агар муҳлати кишти пунбадона барвақт оғоз шавад, ин сабаби кишти такрорӣ мегардад».

Ба гуфти мутахассисон, барвақт кишт намудани чигит барои рӯёнидани ҳосили хуб имкон намедиҳад. Аз ин рӯ бояд қабати болоии замин то 10 сантиметр чуқур ва на камтар аз 12 то 14 дараҷа гарм  бошад.

Зикриёхон Ҳайдаров иброз намуд, ки чигит бояд дар муддати 8 ё 10 рӯз аз замин неш зада барояд. Агар муҳлати барориш тӯл кашад, масалан то 15 ё 20 рӯз, дар ин ҳолат чигит пӯсида, ба касалиҳои гуногун гирифтор мешавад. Инчунин он ниҳоле, ки аз замин неш зада мебарояд, бо ҳолатҳои тағйирёбии иқлим мубориза бурда наметавонад.

Тибқи мушоҳидаҳои олимон, як сабаби камҳосилии пахта- ин риоя нагардидани зичии ниҳолҳо мебошад. Баъд аз он ки чигит хуб инкишоф ёфт, обмонӣ ва додани нуриҳои минералию органикӣ вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Бояд гуфт, ки агар растанӣ дар аввал солиму мустаҳкам бошад, он хуб нашъу намо ёфта, ҳосили фаровон медиҳад. Барои растании солим ғизодиҳӣ бояд сари вақт ва бо меъёрҳои муайянгардида иҷро карда шавад. Дар бештари ҳолатҳо кишоварзон инкишофи сусти чигитро дида, якбора ба обмонӣ шурӯъ мекунанд, ки ин хато мебошад. Агар мо оби аввалро ба замин дертар диҳем, чигит дар замин бештар реша давонда, аз қисмати поёни замин об ва ғизоро ҷаббида мегирад.

Мавсуф зикр намуд, ки агар реша чӣ қадаре, ки ба замин чуқуртар равад (реша асосан барои кофтани об ва ғизо ба замин чуқур меравад), ҳамон қадар ба хушкӣ тобовар мегардад. Агар мо замони  инкишофёбии чигит обмониро тезтар оғоз кунем, растанӣ аз қисми болоӣ бо об таъмин гардида, инкишоф меёбад, вале решаи он мустаҳкам намегардад. Аз ин рӯ оби аввалини пахтаро нигоҳ доштан лозим аст.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар сурати   аз замин хуб неш зада набаромадани чигит, вақте  миқдори рӯзҳои офтобӣ зиёд мешавад, бухоршавии об зиёд мегардад, қабати болои хок хушк мешавад, дигар имконияти растаниро бе об сабзонидан ҷой надорад. Дар ин сурат обмонии ҷӯяк дар миён тавсия дода мешавад, то растаниҳо аз замин сабзида бароянд. Ҳамчунин давоми кишт рияои тадбирҳои агротехникӣ бояд дуруст иҷро гардад.

Мутахассисон бар ин назаранд, ки солҳои охир тағйирёбии иқлим ба назар мерасад.  Аммо мо набояд аз ин тағйирёбӣ ҳаросем, балки баръакс ба он бояд мутобиқ гардем. Аз таҳлилҳои солҳои охир бармеояд, ки ҳоло тағйирёбӣ ниҳоят кам аст. Танҳо чанд соли охир тобистон якбора гарм гардид. Бахусус, моҳҳои июн ва июл гармшавӣ ба назар мерасад. Агар солҳои қаблӣ гармшавӣ 10 ё 14 рӯзро ташкил медод, ду соли охир ин гармшавӣ то 20 рӯз давом мекунад. Дар ин давра растанӣ бояд унсурҳои ҳосилро ба даст оварад, яъне шона ва гул пайдо карда, гул бояд бордор ва ғурак пайдо шавад. Ин давраи нозукии растанӣ мебошад. Дар ин давраи аз ҳад баланд гардидани ҳарорат дар растанӣ хусусияти норасоӣ пайдо мешавад. Хусусияти норасоии растанӣ ин аст, ки элементҳои растанӣ шонаю гулу ғуракро мепартоянд. Дар ин навъи растанӣ ҳосил дар қисми болоӣ асту халос.

Зикриёхон Ҳайдаров чунин мешуморад, ки олимони моро зарур аст, дар самти офариниши навъҳои устувор ба ҳарорати баланд селексия офаранд. Навъҳои истеҳсолнамудаи олимони тоҷик ин хусусиятро кам дороянд. Навъҳое, ки аз хориҷа ворид мегарданд, то андозае ин хусусиятро доранд, аммо  онҳо дерпаз буда, имконияти солҳои минбаъда парвариш кардан надоранд.

Бар асари гармии ғайримуқаррарӣ ҳосили арзонтарини навъҳои маъмулии растанӣ — пахта нобуд шуд. Бар асари гармои бесобиқа ҳосил дар кишварҳои истеҳсолкунандаи асосии он, аз ҷумла Ҳиндустон, Чин ва ШМА ба ҳисоби миёна 30 фоиз коҳиш ёфт. Дар Бразилия 200 000 тонна пахтае, ки ҷамъоварӣ гардида буд, бинобар хушксолӣ вайрон шудааст. Аз ин рӯ арзиши он то 30 фоиз дар ҷаҳон боло шуд.

Бо вуҷуди боло шудани нархи он кишоварзони мамлакат соли сипаригардида нақшаи киштро иҷро карда натавониданд.

Дотсенти кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров иброз дошт, ки ҳадафи рӯёнидани ҳосили хуб ин даромади хуб аст. Аммо он хароҷотеро, ки кишоварзони мамлакат барои кишти пахта масраф мекунанд, даромади онро пурра ба даст оварда наметавонанд. Зеро солҳои охир нархи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ баланд гардид.

«Агар он хароҷоте, ки кишоварз барои рӯёнидани пахта масраф мекунад, онро ба назар гирифта, нархи он муайян карда шавад, имсол ва солҳои оянда кишоварзони мо ҳосили дучанд мерӯёнанд. Зеро кишоварзони тоҷик барои рӯёнидани кишти пахта таҷрибаи бой доранд»,-гуфт Зикриёхон Ҳайдаров.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст ҳаҷми содироти пахтаро тибқи пешбинии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ барои солҳои 2022-2024 коҳиш диҳад. Ҳамин тариқ, дар се соли оянда ҳаҷми содироти пахта аз 121 ҳазор тоннаи соли 2021 то 40 ҳазор тонна дар соли 2024 коҳиш хоҳад ёфт. Инчунин  Ҳукумати Точикистон дар назди худ вазифа гузоштааст, ки коркарди дохилии «тиллои сафед»-ро ба 70-73 фоиз расонда, содироти нах, матоъ ва равғанро зиёд кунад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар

Апрель 9, 2023 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон бо аморати Рас-ал-Хайма дар таҳияи барномаҳои зеҳни сунъӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
МОҲИПАРВАРӢ АЗ ҶИҲАТИ ДАРОМАДНОКӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД. Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ пешсаф гардад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Нидерланд дар татбиқи Рӯзномаи амал оид ба об дар Ню-Йорк баррасӣ шуд
Дар шафати роҳҳои Тоҷикистон 30 адад нуқтаҳои баркашӣ бо тарозуҳои статсионарӣ, динамикӣ ва мобилӣ муҷаҳҳаз фаъолият доранд
Масъалаи таҳияи Стандартҳои миллии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Тоҷикистон имсол дар майдони беш аз 6 ҳазор гектар картошка кишт гардид
РУШДИ САНОАТ. Дар корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот меафзояд
Маркази миллии патенту иттилооти Тоҷикистон ва Ташкилоти патентии Авруосиёӣ ҳамкориро тавсеа мебахшанд
Соли равон дар вилояти Суғд 55559 тонна картошка ва 37415 тонна пиёз ҷамъоварӣ шудааст
Дар Хатлон корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ сохта мешавад
Дар Тоҷикистон ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнин, ки зиёда аз 40 тонна бор интиқол медиҳанд, манъ аст
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Маркази СММ оид ба содагардонии расмиёти савдо ва тиҷорати электронӣ иштирок намуд