МАВЗУИ РӮЗ. Хизмат ба Ватан амали якҷониба нест: Артиш барои ҷавонон мактаби ҳаёт, ҷасорат, обутоби ҷисмонӣ ва қавӣ намудани ирода аст

Апрель 27, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 27.04.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Хизмати ҳарбӣ яке аз ду уҳдадории шаҳрвандон аст, ки иҷрои ҳатмии он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 омадааст, ки «хизмат дар сафи Қувваҳои  Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб шуда, дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии мамлакат мебошад».

Ҳар сол дар мамлакат ду маротиба-дар фаслҳои баҳор ва тирамоҳ даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гузаронида мешавад. Дар робита ба мавзуи мазкур хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, полковник Фариддун МАҲМАДАЛИЗОДА мусоҳиба доир намуд.

АМИТ «Ховар»: Даъвати навбатии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз даъватҳои пешин чӣ тафовут дорад, оё ягон тағйирот ҳаст? Метавонед рақамҳои оморӣ пешниҳод кунед, ки ҳолати даъват ба сафи Артиши миллӣ  дар шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ва ноҳияҳои пойтахт дар кадом сатҳ қарор дорад?

Ф. Маҳмадализода: Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати
ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 аз 1 апрели соли 2023 дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати навбатии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида,  идома дорад.

Бояд гуфт, ки даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар як сол дар ду мавсим амалӣ мешавад: яке аз 1 апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳии шаҳрвандон аз 1 октябр шуруъ шуда, то охири моҳи ноябр пурра ба анҷом мерасад.

Дар рӯзи нахустини даъватии баҳории соли равон шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ гузориш доданд. Иҷрои нақша дар ноҳияҳои тобеи мамлакат то 25 апрел 66 фоизро ташкил дода, ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору шаҳри Ваҳдат аллакай даъвату гусели наваксаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба анҷом расониданд.

Давоми 25 рӯзи ин маъракаи сиёсӣ ноҳияҳои Вахш, Фархор ва Данғара низ аз иҷрои нақшаи даъват гузориш доданд. Ба ҳамин тартиб, дар давраи то 25 апрел иҷрои нақша дар вилояти Хатлон 55 фоиз, дар вилояти Суғд 40 фоиз, дар шаҳри Душанбе 72 фоизро ташкил медиҳад. Ноҳияи Исмоили Сомонӣ иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расонид. Умуман иҷрои нақша дар сатҳи ҷумҳурӣ 56 фоизро то ин замон ташкил медиҳад.

Омилҳои зиёд гардидани сафи ихтиёрон ва онҳое, ки бо гирифтани нахустин даъватнома ба сафи комиссариатҳои ҳарбӣ дар вақти таъйиншуда ҳозир мешаванд, зиёд мебошад. Ин, пеш аз ҳама, таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат ба артиши миллӣ, моҳ ба моҳу сол ба сол беҳтар кардани таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳ, зиёд шудани обрӯву эътибори артиши Тоҷикистон, дарки масъулияти баланди ватандӯстӣ, боло гирифтани ҳисси ҳимоя кардани манфиатҳои миллӣ мебошад. Имрӯз дар ҳамаи қисмҳои низомии мамлакат тамоми шароити  хизмативу маишӣ ва таълимӣ фароҳам оварда шудааст. Ба ҳамин тартиб, даъвати имсола аз солҳои пешин тавофути мусбат дорад.

АМИТ «Ховар»: Вазъи зудтағйирёбанда ва пешгӯинашаванда давоми даҳсолаи охир на танҳо кишварҳои минтақа, балки кулли давлатҳои ҷаҳонро, чӣ дар Осиёву Аврупо ва чӣ дар Шарқу Ғарб сахт нигарон кардааст. Ҳангоми ҷалби шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба наврасону ҷавонон, падару модари даватшавандагон фаҳмонида мешавад, ки хизмати ҳарбӣ уҳдадории якҷониба нест? Шаҳрвандон давоми як ё ду сол на танҳо ба Ватан хизмат мекунанд, балки истифодаи силоҳу муҳимоти ҷангиро аз худ мекунанд, обутоби ҷисмонӣ мегиранд, барои вокуниш нишон додан дар ҳолатҳои ғайричашмдошт (баъд аз адои хизмати ҳарбӣ ва рафтан ба хонаҳои худ)  таҷрибаву малакаи зарурӣ аз худ мекунанд… 

Ф. Маҳмадализода: Бояд фаромӯш накунем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҳади ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст ва дар ҳолати таҳдиди хатар аз тарафи сарҳади ҷанубӣ, пеш аз ҳама, Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ бо хатар рӯ ба рӯ мешаванд. Бинобар ҳамин, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар вазъияти ором, субот ва осоиштагӣ нигоҳ доштани ҳудуди давлати миллии худ, бартараф кардан ва кам кардани таъсири таҳдиду хатарҳо аз ҷониби кишварҳои минтақа созмонҳои ҳарбӣ, ба монанди СААД, СҲШ таъсис дода шудаанд. Инчунин дар доираи ҳамкории дуҷониба ва чандҷониба машқҳои муштарак дар шароити гуногуни наздик ба ҳолати ҷангӣ баргузор карда мешаванд. Дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ қувваҳои вокуниши фаврӣ таъсис дода шудаанд. Хизмати ҳарбӣ кардан дар чунин артиш ва чунин сохтори ҳарбӣ мояи ифтихори ҳар ҷавонмард аст. Зеро дар артиши Тоҷикистон тамоми шароит барои табодули таҷриба дар мубориза бо хатарҳои нави ҷаҳонӣ, омода кардани кадрҳои зарурӣ, омӯхтани усули ҷангу ҳарбу зарб дар шароити ҳамворӣ, дашту саҳрову кӯҳистон муҳайё аст. Баъд аз хизмати ҳарбӣ ҷавонон аллакай малакаи расонидани кумак ба шаҳрвандонро дар ҳолатҳои фавқулода доранд, ба ин ё он ҳодисаи ғайримуқаррарӣ вокуниши дуруст ва саривақтӣ нишон дода метавонанд.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ таълим ва тарбия гирифтан дар мактаби ҷасорату мардонагӣ мебошад.  Вақте шаҳрванд ба сафи артиш ҷалб мешавад, ӯ аз комиссариати ҳарбӣ сар карда, бо тартибу низоми махсус ва фазои ҳарбӣ шинос мешавад. Вақте наваскар ба қисми низомӣ ворид мегардад, ба ӯ давоми як моҳ курси кӯтоҳмуддати омодагӣ омӯзонида мешавад. Дар ин барномаи таълимии «ҷанговари ҷавон»  наваскарон бо тартибу низоми хизмати ҳарбӣ, пӯшидани сару либос, тартиби муроҷиат кардан ба афсар, тартиби ба саф баромадан, аз хоб хестан, ба тартиб овардани ҷойи хоб, оинномаи ҳарбӣ, шиносоӣ бо силоҳу муҳимоти ҷангӣ (ба таври назариявӣ) шинос мешаванд ва тартибу низоми ҳарбиро аз худ мекунанд.

Баъди ба анҷом расонидани барномаи таълимии «ҷанговари ҷавон»  ҳар сарбози ҷавон савганд ёд мекунад. Ӯ савганд мехӯрад, ки қонунҳоро риоя мекунад ва то охирин нафас ба Ватани худ содиқ мемонад. Баъд аз ин сарбоз шахси комилҳуқуқ дар сафи Артиши миллӣ мегардад – ба ӯ силоҳи ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ вобаста карда мешавад. Зимни хизмат шаҳрванд фанҳои дақиқи низомиро аз худ мекунад. Шаҳрванд дар ҳаёти ғайринизомӣ дар кадом соате хоҳад, аз хоб мехезад, аммо дар артиш реҷа аст, тартибу низом аст, ҷавонон ҳар рӯз ба машқҳои ҷисмонӣ ва давоми шаш соат ба дарсҳои гуногуни омӯзишӣ (тактикӣ, оташфишонӣ, сиёсӣ, ҷамъиятӣ, ҳарбӣ) фаро гирифта мешаванд.

Барои хизматчиёни ҳарбӣ вақти китоб хондан ва истироҳат кардан ҷудо карда шудааст. Ғайр аз он ки аскарон давоми шаш соат ба дарс ҷалб мешаванд, тартибу низом аз худ мекунанд, инчунин мувофиқ ба ихтисоси доштаи худ ва ё вобаста ба хоҳишу завқи сарбоз ба дарсҳои иловагӣ ҷалб карда мешаванд.

Акрами САНГ,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 27, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид