МУСТАҲКАМКУНИИ СОҲИЛҲО. Дар Муъминобод ҷиҳати пешгирӣ аз офатҳои табиӣ корҳо идома дорад

Апрель 11, 2023 16:01

МУЪМИНОБОД, 11.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати пешгирӣ аз офатҳои табиӣ дар ноҳияи Муъминобод корҳои соҳилбандӣ идома дорад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Номусоидии боду ҳавои рӯзҳои охир ба қисме аз заминҳои наздиҳавлигии сокинони ноҳияҳои Муъминободу Шамсиддини Шоҳин ва бархе аз мавзеъҳои шаҳри Кӯлобро таъсир гузошт. Қисмати деҳаҳои Ҷамоати Балхобии ноҳияи Муъминобод, ки дар шафати Сойи Тебалай қарор доранд, бештар осебпазир мебошанд.

Бориши пайдарпай дар ин мавсим ба чанде аз заминҳои наздиҳавлигии сокинон ва канори пули деҳаи Тебалайи ҷамоати мазкур зарар расонид. Қитъаҳои осебдида тавассути мақомоти дахлдор ва ҳашари дастҷаъмона тоза карда шуданд.

Имрӯзҳо дар ин мавзеъ ба хотири пешгирӣ аз хавфи сар задани офатҳои табиӣ аз ҷониби мақомоти иҷроия, бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва сокинони Ҷамоати деҳоти Балхобӣ саддҳои муҳофизатӣ гузошта шуда, тағйирдиҳии маҷрои об идома дорад. То ин муддат корҳои симтӯрхобонӣ ва гузоштани 94 тахтасанги оҳану бетонӣ дар минтақаҳои хавфнок анҷом дода шудааст.

Тавре раиси ҷамоат Файзалӣ Абдуллоев иттилоъ дод, «сойи Тебалай дар мавсими баҳор пайваста таҳдид менамояд. Дар масофаи шашуним километри он деҳаҳои ноҳияи Муъминобод ҷойгир мебошанд, ки бештар хатарзоянд. Вале бо ҷалби техникаҳои зарурӣ, дастрасии масолеҳи сохтмонӣ ва дар ҳамдастӣ бо бахши Кумитаи ҳолатҳои фавкулода, Идораи давлатии бехдошти замин ва обёрӣ, инчунин ҷалби сокинон дар қитъаҳои алоҳидаи сойи Тебалай корҳои мустаҳкам кардани соҳил ба таври муташаккил идома доранд.


Ин раванд аз ҷониби мақомоти дахлдор назорат карда мешавад.

Ба гуфти мутахассисоне, ки дар ин ҷо пайваста тахтасанги оҳану бетонӣ ва саддҳои муҳофизатӣ мегузоранд, ин амал ҳадди ниҳоӣ нест, зеро аз рӯи мавқеи ҷойгиршавӣ дар сурати шиддат гирифтани боронҳои мавсими баҳор ва зиёд шудани сатҳи об сойи мазкур ҳар лаҳза эҳтимоли хавф дорад. Ба андешаи онҳо, бояд дар ин масир корҳои соҳилбандӣ ҷиддитару мустаҳкамтар ба роҳ монда шаванд.

Ба хотири пеширӣ аз хатари сар задани обхезӣ то ин муддат дар деҳаи Фурузоба ва сойи Шаймирии ноҳияи Муъминобод чунин корҳо анҷом ёфтааст. Бо вуҷуди он ки аз рӯи имкон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҳама минтақаҳои хавфнок идома доштаву амалӣ карда мешавад, масъулини соҳа ба таври зарурӣ дастрасӣ надоштани худро ба масолеҳи сохтмонию маводи сӯзишворӣ яке аз монеаҳои асосии кор дониста, гуфтанд, ки вазъи мавҷуда ҳангоми баланд шудани сатҳи оби сойи Тебалай метавонад ҳолатҳои хатарзо боқӣ гузошта, боиси зиёни иқтисодиёти хоҷагидорони ин минтақа гардад.

Аз ин рӯ илоҷи воқеа — қабл аз вуқуъ гуфтаанд.

АКС: АМИТ «Ховар

Апрель 11, 2023 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм барои солҳои 2026-2030» баррасӣ шуд
Тоҷикистон ислоҳоти муассир ва одилонаи воситаҳои молиявии байналмилалиро ҷонибдорӣ менамояд
Мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошанд
Дар Душанбе Мусобиқаи «Дави дӯстӣ» баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Сангвор бо афсарону сарбозон вохӯрии судманд баргузор гардид
HUAWEI маҳсулоти инноватсионии худро дар Париж муаррифӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар шаҳри Новосибирски Русия гӯшаи забон ва адабиёти тоҷик ифтитоҳ ёфт
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳаким Фирдавсӣ камоли бузургвории устод Рӯдакиро дар забону адаби мо дар «Шоҳнома» мавриди ситоиш қарор додааст
Оид ба пешниҳоди «Стратегияи миллии идоракунии партовҳо то соли 2040» ҷаласаи корӣ доир гардид