«Низоми тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пандемияи COVID-19». Дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд

Апрель 28, 2023 12:09

ДУШАНБЕ, 28.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2022 то инҷониб ҳолатҳои нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта нашуда, тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ аз 8 феврали соли 2023 чораҳои зиддиэпидемикӣ, аз қабили дархости пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ ва ё гувоҳномаи ваксинатсия  аз байн бардошта шуд. Чунин иброз гардид  дар Конфронси  илмӣ-амалии «Низоми тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пандемияи COVID-19», ки 27 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар конфронс Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер, иқтисодчии калон, Роҳбари гурӯҳи лоиҳаи TEC-19, Бонки ҷаҳонӣ Якуб Ян Какитек, Роҳбари дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, шарикон оид ба рушд ва роҳбарони якчанд муассисаи тандурустии мамлакат иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки маҳз бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тавонист фаъолияти босамар ба роҳ монда, дар самти пешгирии бемории коронавирус ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.

Тазаккур дода шуд, ки то ҳол дар давлатҳои қисмати аврупоӣ ва Осиёи Марказӣ новобаста аз паст гардидани авҷи паҳншавии сироят бақайдгирии ҳаррӯзаи сирояти нави коронавируси COVID-19 ба чашм мерасад.

Таҳлили вазъи эпидемиологӣ ва нишондиҳандаҳои оморӣ нишон медиҳад, ки бемории коронавируси COVID-19 қариб дар 56 давлат ва минтақаи ҷаҳон то ҳол ба қайд гирифта мешавад. Аз ҳама бештар бақайдгирии беморон дар Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Бразилия, Федератсияи Русия, ИМА, Ҳиндустон, Олмон, Лаҳистон, Австрия ва Молдова, ки дар 10-гонаи аввали рӯйхати зиёди бақайдгирӣ истодаанд, ба чашм мерасад.

Дар тамоми ҷаҳон то 5 апрели соли 2023 зиёда аз 684 миллион 289 ҳазору  335 нафар ба сирояти коронавируси COVID-19 мубтало гашта, 657 миллиону 255 ҳазору 870 нафари онҳо шифо ёфта,6 миллиону 833 ҳазору 794 нафар ва ё 1,0 фоизи сироятёфтагон фавтидаанд. Дар айни ҳол 201 миллиону 996 ҳазору 71 нафар, аз ҷумла 39 ҳазору 818 нафар дар ҳолати вазнини беморӣ қарор доранд.

Дар охири ҳафтаи поёни моҳи март нисбат ба охири ҳафтаи аввали моҳи апрели соли равон дар ҷаҳон 30 фоиз коҳишёбии бақайдгирии беморӣ ба назар мерасад.

Дар умум аз аввали бақайдгирии беморӣ шумораи сироятёфтагон ба 17 ҳазору 388 нафар ва шумораи фавтидагон ба 124 нафар баробар гардидааст.

Бо мақсади пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавируси COVID-19 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои мақсаднок ҷудо гардида, инчунин аз ҳисоби ташкилоти байналмилалӣ кумакҳои моддию техникӣ расонида шудааст.

Раванди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 марти соли 2021 «Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба ворид намудани ваксинаҳои зидди бемории COVID-19 ба ҷумҳурӣ ва фарогирии аҳолии гурӯҳҳои мақсаднок бо ваксинатсия бар зидди бемории мазкур таҳти назорати қатъӣ қарор дода шудааст.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 28, 2023 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд