«ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН». Даври минтақавии ин озмун барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардид

Апрель 29, 2023 08:48

ДУШАНБЕ, 29.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Даври минтақавии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон», ки 25-27 апрел ҷараён дошт, ҷамъбаст гардид. Дар он омӯзгори фанни химияи гимназия-парваришгоҳи ба номи Б.Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ Санавбар Абдуллозода ҷойи якум,  муаллими  синфҳои ибтидоии МТМУ №28 ноҳияи Варзоб Нозигул Ашурова ҷойи дуюм ва омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №18 ноҳияи Шаҳринав Зайтуна Қараева ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф хабар доданд.

Озмун мутобиқи талаботи Низомномаи он ташкил ва роҳандозӣ гардида, ҷиҳати дар сатҳи касбӣ, одилона ва шаффову беғаразона баргузор гардидани он тадбир андешида шуд.

Барои иштирок дар озмун аз шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13 дархост ҷиҳати иштироки омӯзгорон пешниҳод гардида буд. Мутобиқи талаботи банди 7-и Низомномаи озмун он аз рўи 7 шарт гузаронида шуд. Корҳои амалии озмун дар муассисаи №35 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Иштирокчиён ва ғолибони озмун аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

АКС: Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф

Апрель 29, 2023 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид
Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Парчами миллӣ таҷассумгари таърихи миллат, хотираи ҷамъиятӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои давлатдорӣ аст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Оид ба нақши рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад