ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТ-ТАҲКИМБАХШИ ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНИИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ба Рӯзи кормандони ин мақомот бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 19.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 апрел -Рӯзи кормандони мақомоти адлияи тоҷик. Ин ниҳод дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ҳимояи қонуният ва адолат қарор дорад.
Мувофиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», мақомоти адлия мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, дар доираи ваколатҳои худ таъмини амалисозии сиёсати давлатиро дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар соҳаҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, амалӣ менамоянд.
Чунин ибрози назар намуд ба АМИТ «Ховар» мушовири калони кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фирӯз Сайнозимзода.
Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф пешниҳод карда мешаванд.
— Яке аз субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, иштирок дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат тавассути таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, гузаронидани санҷиши ҳуқуқии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини мутобиқати байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, аз ҷумлаи самтҳои фаъолият мебошад. Ҳамчунин яке аз ваколатҳои Вазорати адлия дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат ва бо ташаббуси худ таҳия ва бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ пешниҳод намудани лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегарданд, Вазорати адлия барои таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо, инчунин, дигар лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешниҳоди онҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад.
Мавриди ёдоварист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастуру супоришҳое, ки аз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд, чор барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ таҳия ва қабул шудааст, ки дар таҳияи онҳо Вазорати адлия бевосита иштирок намудааст, аз ҷумла:
1) Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 дар бораи «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2006);
2) Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 дар бораи «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» (дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 ва 24 апрели соли 2010);
3) Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015 дар бораи «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» (дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014);
4) Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 дар бораи «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» (дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018).
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 апрели соли 2014 бо мақсади рушди низоми адлияи мамлакат ва ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ намудани он ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки «Стратегияи рушди низоми адлия барои солҳои 2015-2020»-ро таҳия ва қабул намояд. Ҳамин тавр, тибқи тартиби муқарраргардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 феврали соли 2015 «Барномаи рушди низоми адлия барои солҳои 2015-2020» тасдиқ карда шуд. Барномаи мазкур ба муайянсозии ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо ҷиҳати ислоҳот ва рушди мақомоти адлия нигаронида шуда, амалигардонии он ба ҳалли вазифаҳои муҳими ислоҳоти ҳуқуқии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар ин барнома пешбинӣ гардид, ин таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлия» буд. Дар натиҷа, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таҳия ва қабул гардида, 20 апрели соли 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуд. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳо ва самтҳои фаъолият, ташкил, низом, сохтор, ваколатҳо, хизмат дар мақомоти адлия, инчунин тартиби таъминоти молиявӣ, моддӣ ва техникии мақомоти адлияро муайян менамояд. Дар ин замина, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 18 марти соли 2022 тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуда, 20 апрел ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти адлия муқаррар гардид. Қаблан рӯзи кормандони мақомоти адлия якшанбеи дуюми моҳи октябр буд.
Дар маҷмуъ, метавон хулоса намуд, ки муқаррар шудани 20 апрел Рӯзи кормандони мақомоти адлия аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 апрели соли 2014 сарчашма мегирад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли 2015 оид ба масъалаҳои муоинаи ҳатмии пешакии тиббии издивоҷкунандагон ва пешгирӣ намудани никоҳи байни хешовандони наздик сухан гуфта, ба вазорату идораҳои марбута, хусусан Вазорати адлия супориш доданд, ки якҷо бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ масъалаҳои мазкурро ҳаматарафа омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат таклиф пешниҳод намоянд.
Ҳамин тавр, тибқи тартиби муқарраргардида, ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2016, махсусан ба моддаҳои 14 ва 15, ки масъалаҳоро оид ба ҳолатҳое, ки монеаи бастани ақди никоҳ мегарданд ва муоинаи тиббии шахсони никоҳшавандаро танзим намудаанд, тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуда, тибқи онҳо никоҳи байни хешовандони наздик манъ ва муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда ҳатмӣ гардид. Гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда ройгон буда, баҳри таъмини ҳуқуқи конститутсионии шахсони никоҳшаванда ба ҳаёт ва саломатӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули оилаи солим, пешгирӣ намудани таваллуди кӯдакони маъюби гирифтори нуқсонҳои модарзодии инкишоф ва бемориҳои бо ирсият асоснокшуда равона гардидааст.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 22 декабри соли 2016 бо мақсади рушди минбаъдаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ супориш дода шуд, ки Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созанд. Дар натиҷа, тибқи тартиби муқарраргардида, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 феврали соли 2018 «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» тасдиқ карда шуд. Консепсияи мазкур яке аз барномаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқие мебошад, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро барои амалӣ намудани муқаррароти он ва сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи солҳои 2018-2028 муайян мекунад. Инчунин Консепсия барои пешгирӣ ва бартараф намудани ихтилофот, нуқсон ва такроршавӣ дар қонунҳо, мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, татбиқ ва такмили якхелаи забон ва истилоҳоти ҳуқуқӣ, дар маҷмуъ баланд бардоштани сифати қонунгузорӣ нигаронида шудааст.
Қобили тазаккур аст, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи таълиму тарбия ва таблиғоти ҳуқуқӣ пешбинӣ ва мушаххас карда шудааст. Чунончи, мутобиқи қисми 1 моддаи 24 Қонуни мазкур мақомоти адлия дар соҳаи таълиму тарбия ва таблиғоти ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ тадбирҳо андешида, фаъолияти мақомот ва ташкилоти давлатиро дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамоҳанг месозад ва ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.
Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» масъалаҳои таълиму тарбия ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, дар маҷмуъ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат таъкид мегардад. Бояд гуфт, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва нахустдараҷаи давлатҳое маҳсуб мешавад, ки масири бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеша намудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин самт як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намудааст. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9 апрели соли 1997; қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22 августи соли 1997; дар бораи «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 марти соли 2006; «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» аз 3 декабри соли 2012; Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» аз 29 апрели соли 2009 аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон аз 26 декабри соли 2018 доир ба масоили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла таъкид гардидааст: «Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад». Воқеан, бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маърифати баланди ҳуқуқӣ тақозо менамояд, ки бе он арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, аз қабили волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд комилан амалӣ шаванд.
Сарвари давлат бинобар ба охир расидани муҳлати «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» зарур донистанд, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳия ва қабул карда шавад. Дар натиҷа, тибқи тартиби муқарраргардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» тасдиқ карда шуд, ки дар таҳияи он Вазорати адлия саҳм гузоштааст.
Барои амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои Барномаи мазкур ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар самти таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон аз тарафи мақоми ҳамоҳангсоз ва татбиқкунандаи Барнома – Вазорати адлия Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 таъсис дода шуд, ки ба он мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, воситаҳои ахбори омма, муассисаҳои таълимӣ, ташкилоти давлатӣ, ғайридавлатӣ ва бахши хусусӣ ҷалб карда мешаванд. Шӯро дар доираи ваколаташ қарорҳои дахлдор қабул менамояд, ки иҷрои онҳо оид ба мутобиқсозӣ дар ин самти фаъолият барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва муассисаҳои таълимӣ ҳатмӣ мебошад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 баҳри рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат таҳия ва қабулу тасдиқи якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили дар таҳрири нав таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»; таҳияи Консепсияи мудофиаи миллӣ; бо мақсади идома додани ислоҳоти соҳа ва танзими муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ такмил додани қонунгузории соҳа, танзими муносибатҳои гуфташуда дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ ва то 60 фоиз ихтисор кардани шумораи онҳо ва амсоли инҳо масъалагузорӣ гардид, ки дар таҳияи онҳо низ мақомоти адлия иштирок менамояд.
Чунончи, Сарвари давлат ҷиҳати фароҳам овардани заминаи муосири ҳуқуқӣ ва бо назардошти пешравию таҳаввулоти дар соҳаи алоқа дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада сохтору мақомоти марбутаро вазифадор намуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия ва манзур созанд.
Ҳамин тариқ, мувофиқи тартиби муқарраргардида, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» аз ҷониби сохтору мақомоти дахлдор, минҷумла мақомоти адлия таҳия шуда, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки ҳоло дар баррасӣ қарор дорад.
Хулоса, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар таҳким ва тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти адлия, бахусус фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии он нақши бағоят муҳим доранд.
Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,
мушовири калони кумитаи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон
АКС: АМИТ «Ховар»