Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба кишти пунбадона оғоз бахшида, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд

Апрель 1, 2023 11:17

ДУШАНБЕ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи чоруми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кооперативи истеҳсолии ба номи Ҷаббор Расулови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маъракаи кишти пунбадона дар масоҳати 17 гектар замин иштирок карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пошидани чигит дар ин майдони кишт ба кори хоҷагидорон муваффақият таманно карданд.

Ҷомеаи меҳнатии бештар аз 600 нафараи ин Кооперативи истеҳсолӣ дастуру супоришҳои роҳбарияти олии сиёсии мамлакатро сармашқи кори худ қарор дода, дар асоси риояи талаботи агротехникӣ сол аз сол масоҳати кишти пахтаро дар ҳудуди заминҳои дар ихтиёрдоштаашон зиёд ва ба ин восита даромаднокии хоҷагӣ ва некуаҳволии иҷоракорону саҳмдоронро беҳтар месозанд.

Тибқи дурнамои истеҳсолӣ, хоҷагидорон тасмим доранд, ки дар мавсими ҷорӣ аз 1200 гектар замини дар тобеияти Кооперативи истеҳсолӣ мавҷудбуда, дар масоҳати 750 гектар кишти пунбадона гузаронанд. Аҳли заҳмат бо назардошти иқлими минтақа ба истифодаи тухмиҳои хушсифати ватанӣ бартарӣ медиҳанд. Дар умум, ин шабу рӯзҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кишти пунбадона мақсаднок ба роҳ монда шуда, мувофиқи маълумоти Раёсати кишоварзӣ, бояд дар мавсими ҷорӣ дар масоҳати 8 ҳазору 200 гектар замин кишти пунбадона гузаронида шавад.

Бояд гуфт, ки Кооперативи истеҳсолии ба номи Ҷаббор Расулов серсоҳа буда, хоҷагидорон ба парвариши зироатҳои кишоварзӣ, аз қабили пиёзу сабзӣ, картошкаву шолӣ, гандуму полезиҳо ва боғдориву чорводорӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд. Натиҷаи тақсимбандии қитъаҳои замин нишон медиҳад, ки маданияти заминистифодабарӣ дар ин хоҷагӣ мувофиқи мақсад ба роҳ монда шудааст. Ҳамин аст, ки дар мавсими ҷорӣ аҳли заҳмат аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи ҳудуди кооператив парвариши 50 ҳазор бех ниҳоли хуч ва 60 ҳазор бех дарахти санавбарро ба роҳ монданд, ки нашъунамои хуб дорад.

Намоиши тухмии зироатҳои кишоварзӣ низ дар ҳамин мавзеъ ташкил карда шуд. Дар намоишгоҳ навъу намудҳои гуногуни чигити тухмии маҳалливу хориҷии ба иқлими минтақа мувофиқ, пахта, маҳсулоти ғалладонагӣ, ба монанди ҷаву гандум ва шоливу зағир, зироатҳои лубиёгии наску нахӯд, мош ва дигар намуди маҳсулот ба маъраз гузошта шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ин намоишгоҳ масъулонро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи бештари ҳамкории илм бо истеҳсолот, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан ба истеҳсолу минтақабобкунии тухмии зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи тухмиҳои серҳосил вазифадор намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар намоишгоҳи наврӯзӣ, ки дар Кооперативи истеҳсолии ба номи Ҷаббор Расулов доир шуд, ширкат варзиданд.

Сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ин макон оинҳои наврӯзии сокинони чор минтақаи Тоҷикистон, Суғду Бадахшон ва Хатлону шаҳру ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳуриро бо риояи тамоми суннатҳои ин ҷашни аҷдодӣ ба маъраз гузоштанд. Хони ҳафт сину ҳафт шин, таомҳои гуногуни хос ба баҳору наврӯзи бошандагони минтақаҳои гуногуни мамлакат, малакаҳои дастӣ ва намунаҳои ҳунармандиву дигар таомулҳои наврӯзӣ таркиби ин намоишгоҳро комил сохта буд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯзи аҷдодиро мояи ифтихори ҳар фарди худогоҳи тоҷик арзёбӣ карда, эҳё ва зинда нигоҳ доштани таомулҳои ин ҷашни бостониро барои худшиносиву худогоҳии наслҳои оянда муфид хонданд.

Оғози кишти пунбадона дар заминҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ 01.04.2023

Апрель 1, 2023 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими истиқболи расмии роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси халқ маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Туркменбошии Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббоси Ароқчиро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот анҷом доданд